Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Расулзода Қоҳир



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Расулзода Қоҳир Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№25

 

 

 

ҚОҲИР Расулзода

 

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 8 марти  соли 1961      Ҷои таваллуд  ноҳияи Б. Ғафуров

Миллат     тоҷик                                   Маълумот    олӣ

соли 1982 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон,  

соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст.

 

Ихтисос   муҳандис-гидротехник, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, номзади илмҳои техникӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2001  «Корманди шоистаи Тоҷикистон», соли 2011 медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1977 – 1982

Донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1982 – 1985

Техник-лаборанти лабораторияи сохтмонӣ, муҳандиси шӯъбаи истеҳсолии Иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой», шаҳри Ғафуров

Солҳои 1985 – 1996

Усто, прораб, муҳандис, сармуҳандис, сардори Колоннаи сайёри механиконидашудаи №4-и Иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой», шаҳри Ғафуров

Солҳои 1996 – 2000

Cардори Иттиҳодияи «Ирсовхозстрой», шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2000 – 2006

Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2013

Раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2013-2020

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли
2020 то имрӯз

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

             

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520