Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли шоколад дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд

15.10.2020 12:35, шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли шоколад дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд  15.10.2020

15 октябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти  корхонаи нави  истеҳсоли шоколади “Ҳаловат”, ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд гардидааст, оғоз бахшиданд.

Маҳсулоти шоколадӣ дар корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ тавлид гардида, дорои сифати баланд мебошад.

Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, иктидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 400 киллограмм маҳсулоти ғизоӣ мебошад.

Дар корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Юсуфҷон Абдураҳимов таъсис ёфтааст, 40 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Аксари онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки таркиби маҳсулоти шоколадӣ аз мағзи чормағзи заминӣ, асали тозаи табиӣ, орду равған, ширу қаймоқ ва дигар маводи хӯроквории иловагӣ иборат аст.

Масъулони корхона барои истеҳсоли шоколад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад, аз хоҷагиҳои ноҳияи Мастчоҳ чормағзи заминиро харидорӣ намуда, мағзи онро дар истеҳсоли беш аз 10 номгӯи шоколад васеъ истифода менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки шоколадҳои истеҳсолнамудаи ин коргоҳ бо омехтаи мағзу асал ва меваи табиӣ сифати баланд дошта, дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир асту талабгори зиёд дорад.

Масоҳати умумии корхона наздики як гектар буда, бинои истеҳсолӣ дар масоҳати 1000 метри мураббаъ ҷойгир аст.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва истеҳсоли маҳсулоти шоколадӣ Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти тавлиднамудаи ин корхонаи хурди саноатӣ дидан карданд.

Беш аз 13 номгӯи маҳсулоти шоколадӣ, ки бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол гардидааст, ба намоиш гузошта шуд.

Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои муқарраргардида ба соҳибкорони ватанӣ чунин корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар мамлакат, хусусан дар вилояти Суғд бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сокинони зиёд ба шуғли доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ба хотири баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520