Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо корҳо дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ 3 ва СТ 4-и НБО “Роғун”

14.10.2020 11:33, шаҳри Роғун
Шиносоӣ бо корҳо дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ 3 ва СТ 4-и НБО “Роғун”  14.10.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз дидбонгоҳи кони рақами 17 ҷараёни корҳоро дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 боздид карданд.

Нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дар давраҳои серобӣ барои гузаронидани об аз сатҳҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст.

Тарҳи иншоот аз тарафи институтҳои лоиҳакашии “Гидропроэкт”, “Эфрӣ” (AFRY) Поири Швейтсария ва Ширкати лоиҳакашии “Тоно энержи байналмилал” мураттаб гаштааст.

Имрӯз бунёдгарони ин Кохи нур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои корҳоро дар ҳама қитъаҳои сохтмонӣ вусъат бахшида, ба хотири рушди устувори Ватани маҳбуб азму талош ба харҷ медиҳанд.

Дар бунёди баромадгоҳи нақби сохтмонии  СТ-3  чор ширкати ватанӣ, аз ҷумла ҶДММ “Вахш Сохтмон”, ҶСК “Тоҷикгидромантаж”, ҶСП “ЗТМ”  ва ҶДММ “Гушикай ЛТД” ҷалб гардидаанд, ки дар онҳо садҳо нафар мутахассисони корозмӯда ва дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд.

Айни замон  корҳои хокбардорӣ ва мустаҳкамкунии нишебиҳо аз тарафи пудратчиҳо ҷараён доранд.

Дар баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 корҳои заминӣ ва мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ идома дорад.

То ин давра зиёда аз 4,3 млн. метри мукааб корҳои заминӣ, 233 ҳазор метри мураббаъ корҳои бетонхобонӣ, 99,8 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва дар масоҳати 168 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ иҷро гардидааст.

Дар мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ кор марҳила ба марҳила сурат гирифта, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Сифати корҳои сохтмонӣ мавриди таваҷҷуҳи мутахассисони озмоишгоҳ қарор дорад.

Таваҷҷуҳи махсус ва назорати бевоситаву дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар иншооти тақдирсози аср-НБО “Роғун” боис гардидааст, ки кор дар асоси нақша ва аз рӯйи лоиҳаи тасдиқгардида идома ёбад.

Зимни муаррифии баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-4 иттилоъ дода шуд, ки тарҳи он аз тарафи Ширкати лоиҳакашии “AFRY” (Поири)-и Швейтсария иҷро шудааст.

Тибқи лоиҳа ҳаҷми корҳои хокбардорӣ ба 581,2 ҳазор метри мукааб, бетонхобонӣ 33, 3 ҳазор метри мукааб, гузоштани анкерҳои оҳану бетонӣ ба 114,8 ҳазор метр баробар гардида, дар масоҳати 97, 8 ҳазор метри мукааб маҳлулҳои бетонӣ пошида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони муҳандисию техникии НБО “Роғун” дастур доданд, ки минбаъд низ ба иҷрои сифатноки корҳои сохтмонӣ диққати махсус равона созанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520