Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарӣ ва шахтаҳои обрасони НБО “Роғун”

14.10.2020 11:28, шаҳри Роғун
Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарӣ ва шахтаҳои обрасони НБО “Роғун”  14.10.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо  ҷараёни корҳо дар нақби  нақлиётии  Т-18,  нақбҳои обрасони агрегатҳо ва  шахтаҳои турбинаҳои  Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки  бо  суръат  идома  дорад, шинос шуданд.

Дар қитъаи дигари сохтмони иншооти обқабулкунаки доимии Нерӯгоҳ, аз  ҷумла камераи васлгарӣ низ фаъолияти коргарону мутахассисон назаррас буда, то  имрӯз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ  58,2 ҳазор метри мукааб ва корҳои бетонпошӣ 9,8 ҳазор метри мураббаъ иҷро гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар шахтаҳои турбинаҳо, нақби  нақлиётии  Т-18 ва нақбҳои обрасони агрегатҳо бо  истифодаи  техникаҳои пуриқтидору муосир ва  ҷалби коргарону мутахассисони соҳибтаҷриба   идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки  дар иншооти  мазкур то   имрӯз  67 ҳазору  877 метри мукааб корҳои нақбканӣ   анҷом дода шуда, корҳои бетонхобонӣ  ба  22 ҳазору  843 метри мукааб  расидааст.

Коргарону мутахассисон дар иҷрои корҳои сохтмони шахтаҳои турбинаҳо ва нақбҳои обрасони агрегатҳо фаъолияти босамару натиҷабашх нишон медиҳанд.

Дар шахтаҳои амудӣ нақбкании фурнелҳо то сатҳи лозима анҷом дода шуда, барои кушодсозии шахтаҳои обрасон коргарону мутахассисон бо  истифодаи техникаҳои замонавӣ пурсамар фаъолият мекунанд.

Дастрасии  техникаю  механизмҳои муосиру камназир барои иҷрои саривақтӣ ва босифати  корҳои нақбканӣ, пармакунӣ то умқи бештар аз 200 метр ва кандани шахтаҳои турбинаҳо дар ин қитъаҳои сохтмонии муҳиму зарурии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мусоидат намуд.

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ-механики”-и шаҳри Норак, ки  дорои техникаҳои муосири нақбканию пармакунӣ ва дигар механизмҳои зарурӣ мебошад, дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотии босифат ва  ҷавобгуӣ стандартҳои байналмилалӣ  низ нақши  муҳим дорад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур дар сохтмони иншооту инфрасохтори Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба таври васеъ истифода мешавад.

Ишооти шахтаи ҳаводиҳанда аз тарафи институти “Гидропроект” лоиҳакашӣ шудааст. Барои иншооти мазкурро дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додан, ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо техникаву механизмҳои пуриқтидор ва замонавӣ ҷалб гардидаанд. Айни замон иншооти шахтаи ҳаводиҳии толори мошинҳо ва трансфарматорҳо  ба кор омода мебошад.

Дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” коргарони соҳибкасбу баландихтисос, мутахассисони нақбкану пармагар, кафшергару васлгар солҳои охир  ба  камол расидаанд ва фаъолияти босамари онҳо дар қитъаҳои сохтмонӣ баръало ба назар мерасад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти созандаву бунёдкоронаи  коргарону мутахассисон дар маҳалли сохтмони шахтаҳои турбинаҳо, нақбҳои обрасони агрегатҳо ва шахтаи ҳаводиҳӣ баҳои сазовор доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520