Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

05.10.2020 14:01, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев сурат гирифт.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо ба Нурсултон Назарбоев ҷиҳати табрикоти гарм ва таманниёти некаш унвонии Пешвои миллат ибрози ташаккур намуд.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки муносибатҳои зичи дӯстиву ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни Тоҷикистону Қазоқистон дар айёми мо ба таври муваффақиятомез рушд ёфта истодаанд ва дар пешбурди ин раванд нақши Нурсултон Назарбоев бузург мебошад.

Инчунин аҳаммияти муносибатҳои дерини бародарона ва дӯстии наздики ду пешво – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ҷиҳати рушди бемайлони муносибатҳои муосири дустӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид гардид.

Дар ин зимн ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки бо талошҳои муштарак шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар тавсеа хоҳанд ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520