Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

05.10.2020 13:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи стратегии ду кишвар ва як қатор масъалаҳои байналмилалиро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Муҳтарам Владимир Путин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти неки худро баён дошт.

Дар ин зимн Президенти Федератсияи Россия саҳми шахсии Пешвои миллатро дар рушду таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии ду кишвар, инчунин дар афзун гардонидани робитаҳои судманди ҷонибҳо дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таври хосса қайд карданд.

Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо азми худро ҷиҳати идомаи муколамаи созандаашон аз рӯи тамоми маҷмӯи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ иброз доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520