Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

05.10.2020 10:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз  байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Дар рафти суҳбат Сарвари давлати  дӯсти Қазоқистон бо таманниёти беҳтарин Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзаш самимона муборакбодӣ намуд.  

Қосим-Жомарт Токаев саҳми назарраси Президенти Тоҷикистонро дар рушди пойдори  иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун натиҷаи сиёсати дурандешона ва фаъолияти самараноки сулҳофарии Роҳбари давлати мо қайд намуд.

Президенти Тоҷикистон дар навбати худ барои табрикоти самимӣ ба Президенти Қазоқистон ибрози сипос намуда, қайд кард, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар қолаби шарикии стратегӣ минбаъд низ тавсеа ёфта, қуллаҳои навро фатҳ хоҳанд намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520