Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқия ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

03.10.2020 11:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба бемории коронавирус сироят шудани Шумо ва ҳамсаратон хонум Мелания Трамп боиси эҳсосоти нигаронии мо гардид.

Дар ин лаҳзаҳои душвор ба Шумо дастгирии дӯстона ва холисонаи ин ҷонибро изҳор менамоям.

Бо ибрози тамоми орзуҳои беҳтарин ба Шумо, ҷаноби Президент ва Бонуи аввал шифои комилу оҷил, рӯҳияи қавӣ ва саломатии бардавом таманно дорам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми манро бипазиред».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520