Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Офтобак” дар ноҳияи Рӯдакӣ

01.10.2020 09:03, ноҳияи Рӯдакӣ
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Офтобак” дар ноҳияи Рӯдакӣ   01.10.2020

1 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар деҳаи Элоки шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳия Муассисаи таҳсилоти томактабии “Офтобак”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистон соли 2017 оғоз гардида, дар давраи сохтмон қариб 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.

Кӯдакистони хусусии “Офтобак” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Марям Юсуфова бунёд шуда, аз се ошёна иборат аст.

Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, дар марҳилаи аввал Кӯдакистони хусусии “Офтобак” 240 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Марҳилаи дуюми ин муассисаи таълимӣ дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд, ки он низ барои 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Айни ҳол 40 нафар омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд.

Дар Муассисаи таълимии томактабии “Офтобак” кӯдакон дар 12 гурӯҳ тақсим шуда, бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълим мегиранд.

Ҳамчунин дар назди ҳар як синфҳои машғулият ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудааст.

Ошхонаи муассиса барои хурокхӯрии 60 кӯдак дар як вақт пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз утоқҳои машғулиятҳо ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулони боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Саҳни ҳавлии муассиса ва утоқҳои машғулиятгузаронӣ бо гулу буттаҳои рангоранг ва қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудааст, ки ба дунё ва табиати кӯдакон хос аст.   

Лозим ба таъкид аст, ки таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон боис гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат садҳо боғчаву кӯдакистонҳои нав сохта ба истифода дода шаванд. Маҳз фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон додааст, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия ёбанд.

Дар шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ Кӯдакистони хусусии “Офтобак” аввалин муассисаи таълимӣ барои хурдсолон мебошад, ки бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти хониш ҷиҳозонида шудааст.

Акнун сокинони шаҳрак низ имкон доранд, фарзандони худро дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбия ҳидоят намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520