Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони ҳафт кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

20.12.2009 17:00, Қазоқистон

19-20 – уми декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони ҳафт кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат намуд.

Дар ин мулоқот сарварони Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Туркманистон, Федератсияи Русия ва Қазоқистону Қирғизистон ҳузур доштанд.

Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои мазкур, ки дар мавзеи Оқбулоқи наздикии шаҳри Алмаато баргузор гашт, як қатор масоили мубрам аз рӯзномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Беларусу Қазоқистон як теъдод асноди заруриро ба имзо расонда, тасмими худро оид ба фаъол намудани Иттиҳоди гумрукии ин се давлат аз 1 - уми январи соли 2010 эълом доштанд. ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки кишварҳои мазкур аз оғози соли 2012 - ум Фазои ягонаи иқтисодӣ барпо хоҳанд намуд. Таъкид гардид, ки дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ бо мурури замон метавонанд ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ ҳамроҳ шаванд.

Аснои баррасии мавзӯоти минтақавию байналмилалӣ сарони давлатҳо таъкид доштанд, ки Афғонистон ҳанӯз ба мусоидат ва пуштибонии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёзманд аст. «Дар чунин вазъият, - иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - мо бояд мавқеи фаъолтар дошта бошем, то тавонем вазъи Афғонистонро бо назардошти манфиатҳои умумиамон беҳбуд бахшем. «ҳамоҳанг намудани мавқеъҳои кишварҳои мо ва дар арсаи байналмилалӣ фаъол намудани он метавонад асоси чунин амалиёти якҷоя бошад», - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Баррасии баъзе масоили вобаста ба вазъи имрӯзаи минтақаи Осиёи Марказӣ низ аз мавзӯоти мулоқоти ғайрирасмӣ буд.

Сарони давлатҳои номбурда раёсати Ҷумҳурии Қазоқистонро дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар соли 2010 - ум пуштибонӣ намуда, омодагии худро баҳри мусоидат дар таҳияи рӯзномаи корӣ ва ташкили фаъолияти ин созмон дар давраи раёсати Қазоқистон таъкид намуданд.
 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520