Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав

30.09.2020 10:16, ноҳияи Шаҳринав

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав майдончаи варзишии болопушидаро ба истифода доданд.

Иншооти варзишӣ дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ғозизода Азиз бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳатии умумии майдонча 16 садяк заминро ташкил намуда, бо дарозии 43 ва паҳноии 23 метр мутобиқ ба талаботи стандартҳои соҳаи варзиш бунёд гардидааст.

Дар корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокини маҳаллӣ ҷалб шуда буд.

Феълан дар ноҳияи Шаҳринав 62 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 38 майдонча ба истифода дода шудааст, ки ҷавонону наврасон аз он самаранок истифода мебаранд.

Иншооти мазкур барои бозиҳои гуногуни варзишӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Ёдрас мешавем, ки бунёди майдонча ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам намуд, ки танҳо дар соли 2020 варзишгарони ноҳияи Шаҳринав бо иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 27 медал, аз ҷумла 12 медали тилло ва 15 медали нуқра гардидаанд.

Зимни боздид аз шароити фароҳамгардидаи майдончаи варзишӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат хонда, ҷавонону наврасонро ба истифодаи самараноки чунин имконияту шароити барояшон фароҳамгардида ҳидоят карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520