Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Анҷумани 10 уми ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон

26.12.2009 14:30, шаҳри Душанбе

Дар маҷмааи давлатии Кохи Борбади пойтахт Анҷумани 10 уми ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар кори анҷуман 1900 нафар вакилони ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ аз Федератсияи Русия, ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон ва ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Баъди анҷоми муқаррароти расмии ифтитоҳи анҷуман Раиси ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳадафу вазифаҳои ҳизби мазкур бо ҳадафҳои стратегии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам буда, дар маҷмӯъ ба таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди мамлакат равона гаштааст.

Дар робита ба интихоботи ояндаи парлумонӣ, ки моҳи феврали соли 2010 баргузор мегардад, Раиси ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ба намояндагӣ ба мақомоти парлумонӣ бояд мутахассисони сатҳи баланд ва шахсиятҳои соҳибэҳтирому арзанда пешниҳод карда шаванд, то ки онҳо тавонанд дар таҳкими давлатдории миллии мо ва рушду нумӯи иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми намоён гузоранд.

ҳамчунин таъкид гардид, ки интихоботи намояндагони халқ бояд ба таври озоду шаффоф гузаронда шуда, ба таҳкими бештари ваҳдату ягонагии миллӣ мусоидат намояд.

Сипас вакилони сершумори ҳизб аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ва хориҷи кишвар ва намояндагони ҳизбҳо аз давлатҳои номбурдаи хориҷӣ суханронӣ намуда, сиёсати пешгирифтаи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва нақшаю ниятҳои наҷибонаи Раиси он Эмомалӣ Раҳмонро мавриди пуштибонӣ қарор доданд.

Дар анҷуман ҳайати нави роҳбарии ҳизб ва мақомоти идории он интихоб карда шуд. Раиси имрӯзаи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тариқи овоздиҳии кушод якдилона аз нав ба ин мақом интихоб гардид.

Дар охири анҷуман рӯйхати номзадҳои ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 22 нафар тасдиқ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520