Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани меҳмонхонаи «Манзара» барои 100 нафар дар ноҳияи Ховалинг

25.09.2020 17:51, ноҳияи Ховалинг
Ба истифода додани меҳмонхонаи «Манзара» барои 100 нафар дар ноҳияи Ховалинг  25.09.2020

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховлинг ба фаъолияти меҳмонхонаи тозатаъсиси «Манзара», ки ҳамчун хостел фаъолият менамояд, шинос шуданд.

Меҳмонхона аз 2 ошёна иборат буда, он дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби буду боши сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Исмоил Садиров дар мудати қариб як сол бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, ки ба пешвози ҷашни бузурги умумимиллӣ – 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг бунёди наздики 330 иншооти дорои таъйиноти гуногун, аз ҷумла 2 меҳмонхона ба нақша гирифта шудааст.

Феълан дар ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон 5 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 10 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фуруши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ мавҷуд буда, 9 харитаи сайёҳӣ дар мавзеъҳои муайян ва меҳмонхонаҳо овезон карда шудаанд.

Шумораи умумии меҳмонхона ва хостелҳо дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 15 ададро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо имкони қабули то 500 нафар меҳмонон дар як вақт мавҷуд аст.

Меҳмонхонаи «Манзара», ки дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ ҷойгир аст, дорои 32 ҳуҷра буда, имкони дар як вақт ба 100 нафар хидмат расониданро дорад.

Тарҳу намои бино ба талаботи меъморӣ ҷавобгу буда, дар он тамоми унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар ин мусофиргоҳ нуқтаи қабули меҳмонон, ошхона барои 100 нафар ва дар назди бино нуқтаҳои фурӯши армуғон ҷойгир буда, маъмурият ва ҳуҷраҳои техникии ин иншооти хидматрасонӣ дар қабати якуми бино фаъолият мебаранд.

Пухтани таомҳои милливу аврупоӣ бошад аз хизматрасониҳои дигари мусофиргоҳ маҳсуб меёбад.

Ҳуҷраҳои ин иншооти хидмарасонӣ ба усули меъмории миллӣ ва замонавӣ сохта шуда, муаррифкунандаи санъату ҳунари волои тоҷикон мебошад.

Акнун сайёҳоне, ки ба ин мавзеъ сафар менамоянд, метавонанд аз хизматрасониҳои меҳмонхонаи «Манзара» васеъ истифода баранд. Зеро дар ин ҷо барои тамошои манзараҳои дилфиреби Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қранӣ, ки дар ноҳияи Ховалинг воқеъ аст, шароити мусоид фароҳам мебошад.

Бо дарназардошти кӯҳсор будани мавзеъ ва ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳону дигар меҳмонон 2 адад воситаи нақлиёт ва 2 сар асп пешбинӣ гардидааст.

Бо ба фаъолият шуруъ намудани меҳмонхонаи «Манзара» беш аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд. 

Соҳибкор оянда нақша дорад, ки бо бунёди як бинои наву замонавии дигар боз барои 50 нафар шароити будубош омода намуда, ба ишумораи ҷойҳои кориро ба 150 нафар расонад.     

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити хидматрасонӣ ва дигар имкониятҳои мусофиргоҳи навтаъсиси замонавӣ ба масъулин ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари таъриху фарҳанг, урфу оддат ва меҳмоннавозии тоҷикона дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иншооти мазкурро дар айни замон муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520