Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани 5 километр роҳи мошингарди Панҷариён - Шугнов ва 15 километр роҳи Шугнов - Ховалинг

25.09.2020 16:08, ноҳияи Ховалинг
Ба истифода додани 5 километр роҳи мошингарди Панҷариён - Шугнов ва 15 километр роҳи Шугнов - Ховалинг   25.09.2020

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг роҳи мошингарди Панҷариён – Шугновро дар масофаи 5 километр ба истифода доданд.

Роҳи мошингарди Панҷариён – Шугнов дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш карда шудааст.

Таҷдиду навсозии роҳи мазкур дар идомаи иқдомҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” амалӣ шуда, барои пурра мумфарш кардани он  наздики 3 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.

Сокинони деҳаи Панҷариён солҳо боз барои рафтуомад ба маркази деҳот мушкил доштанд ва инак бо файзи истиқлол ба дастоварди нав ноил  шуданд.

Деҳаи Панҷариён 36 хоҷагӣ дошта, дар он 234 нафар зиндагӣ мекунад ва таъмини зиндагии шоиста барои онҳо зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.  

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи автомобилгард омили муҳим дар рушди иқтисодии сокинони Панҷариён буда, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни бошандагони деҳа мусоидати фаъол мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра аз ҳолати роҳи Панҷариён - Шугнов дар идомаи боздид роҳи нақлиётгарди Шугнов – Ховалингро дар масофаи 15 километр мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таҷдиду навсозии ин роҳ низ дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда дар доираи омодагиҳо барои истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ амалӣ шудааст.

Таъмиру асфалтпӯш гардидани роҳи Шугнов  - Ховалинг мушкили сокинону ронандагонро бартараф намуда, имконоти ҳаракат дар ин масирро дар тамоми фаслҳои сол ба миён овард.

  Корҳои таъмирӣ ва асфалтхобонӣ дар роҳи мазкур бо ҷалби зиёда аз 80 нафар мутахассисони маҳаллӣ амалӣ гардида, дар рафти корҳо беш аз 50 адад техникаи роҳсозӣ ҷалб карда шуда буданд.

Роҳи мазкур акнун бо таҷдиду навсозӣ ба категорияи 5-уми роҳсозӣ мутобиқ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ховалинг 226,4 километр роҳҳо мавҷуд аст, ки аз ин 110,7 километрро роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 115,7 километри дигарро роҳҳои дорои аҳамиятӣ маҳаллӣ дар бар мегирад.

Дар ноҳия дар асоси нақшаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 25 километр роҳҳои маҳаллӣ аллакай мумфарш гардида,  боз 20 километри дигар навсозӣ карда мешавад.

Дар ноҳияи Ховалинг соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар бунёду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ саҳм гузошта, дар самти беҳтар кардани вазъи роҳҳо ва хизматрасонии нақлиёт бо ҳадафи рушди деҳот корҳои назаррасро амалӣ месозанд.

Таҷдиди роҳи Шугнов – Ховалинг имкон медиҳад, ки интиқоли молу маҳсулоти хоҷагидорону боғдорон ба марказ ва дигар шаҳру ноҳияҳои атроф дар муддати кутоҳ ва бидуни талаф амалӣ карда шавад. 

Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти Шугнов 1100 гектар боғҳои гуногуни мевадиҳанда ва мавзеъҳои зиёди таърихию сайёҳӣ мавҷуд аст, ки акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани роҳ имкони васеъ барои рушди ин соҳаҳо ба вуҷуд омад.

Дар деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг барои истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозӣ ва таъмири 50 иншоот ба нақша гирифта шуда, 28 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст ва корҳои сохтмонӣ дар дигар  иншоот босуръат идома дорад.

Дар ҳамин замина 63 километр роҳҳои ҳудуди деҳот низ зина ба зина то ин ҷашни бузурги миллӣ  таҷдиду навсозӣ ва ба талаботи мавҷуда мутобиқ карда мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти дастгирӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ барои истифодаи тӯлонӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи роҳи мошингарди Панҷариён – Шугнов ва Шугнов – Ховалинг аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва кадбонувони деҳоти Ғаффар Мирзо ва Шугнов дидан карданд.

Дар намоишгоҳ ҳунари нонпазӣ, хӯрокҳои миллӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ, ки ба эҳёву ҳифзи онҳо дар ин гӯшаи диёр таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад, муаррифӣ гардид.

Маҳсули офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати кадбонугии занон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ  аз ҷалби бештари ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои хоси миллӣ ва тарғиби онҳо дар миёни ҷомеа  дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520