Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

24.09.2020 17:13, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин  24.09.2020

24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз кору фаъолияти ватандӯстонаву созандаи мардуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба онҳо барои амалӣ намудани нақшаҳои ободгарона ба хотири пешрафти ин гӯшаи диёр ва Тоҷикистони азиз барори кор орзу карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ноҳия ва талошҳову тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди ин минтақаи дурдасти кишвар андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.

Дар зарфи 29 соли истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлат барои рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 421 миллион сомонӣ равона гардидааст.

То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 383 миллион сомонӣ татбиқ шудааст, ки барои беҳтар гардидани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, таҷдиду азнавсозии роҳу пулҳои мошингард, ворид намудани таҷҳизоту мошинолоти кишоварзӣ, таъмири хатҳои интиқоли барқ ва оби нӯшокӣ хароҷот шудааст.

Танҳо барои таҷдиди се қитъаи роҳ ба масофаи умумии 51 километр дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин – лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумби шоҳроҳи Душанбе – Кулма, яъне қитъаи Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин, қитъаи Шамсиддини Шоҳин - Анҷироби Поён ва қитъаи Анҷироби Поён – Шоҳон беш аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Ҳоло дар ноҳия боз панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 200 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои нақшаҳои созандагӣ ва бунёдкорию ободонии маркази ноҳия ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни умумимиллӣ 30-солагии истиқлоли давлатӣ изҳори қаноат карда, таъкид доштанд, ки дар ноҳия бо мақсади истиқболи арзандаи ҷашни умумимиллӣ бунёду азнавсозии 192 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳо дар 61 иншоот пурра ба анҷом расидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба имконоти мусоиди рушди соҳаи саноат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои марбутаро вазифадор карданд, ки ташаббусҳои соҳибкоронро барои бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо ворид намудани технологияҳои нав ҳамаҷониба дастгирӣ карда, бо истифодаи захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои нақлиёт, энергетика, Кумитаи андоз ва Бонки миллӣ вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин доир ба рафъи мушкилоти зикршуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат вобаста ба рушди боғдорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ, картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ андешаронӣ карда, мардумро барои истифодаи тамоми имкону захираҳо ҳидоят намуданд.

Ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода шуд, ки дар оянда зиёд кардани майдони кишти картошка ва истифодаи тухмии хушсифати ба иқлими ноҳия мусоидро таъмин намоянд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи дастгириҳои давлатӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба маблағи 53 миллион сомонӣ 41 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои қариб 5400 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар охири суханронӣ баъди таҳлили вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин минбаъд низ бо дарки масъулияти баланд дар тарбияи наврасону ҷавонон, ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо, риояи талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ва умуман, таъмини волоияти қонун, иҷрои амалҳои неки созандаву бунёдгарона, хусусан, ба ифтихори ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ дар ободии Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин намояндагони касбу кори гуногун бо шукргузорӣ аз фазои ободу осуда ва фаровонии неъматҳои кишвар баромад карда, ба Пешвои муаззами миллат барои таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520