Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Прокуратураи ноҳияи Восеъ

24.09.2020 08:39, ноҳияи Восеъ
Ифтитоҳи бинои Прокуратураи ноҳияи Восеъ   24.09.2020

24 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои Прокуратураи ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот се ошёна буда, аз 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо беш аз 50 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат мебошад.

Кормандони Прокуратураи ноҳияи Восеъ имкон доранд, ки дар вақтҳои холӣ аз технологияи муосир ва китобхонаи таъсисдодашуда, ки ба шабакаи интернет низ пайваст аст, адабиёти соҳавию бадеиро истифода намуда, донишу малакаи касбии хешро сайқал диҳанд.

Ҳамчунин ба хотири таъмини кормандон бо ҷойи зист дар ошёнаи сеюми бино 4 ҳуҷраи истиқоматӣ бунёд карда шудааст.

Сохтмони бинои Прокуратураи ноҳия соли 2019 оғоз гардида, дар муддати як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шуд.

Айни замон дар Прокуратураи ноҳияи Восеъ 7 нафар корманди фаврӣ ва се корманди техникӣ фаъолият мекунанд.

Дар баробари сохтмони бинои Прокуратура ҳамзамон атрофи бино ободу зебо гардонида шуда, тадбирҳои равшаннамоӣ низ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Аснои ба истифода супоридани иншоот ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз кормандони Прокуратураи ноҳияи Восеъ дар иншооти ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда фаъолият мекарданд.

Аз ин рӯ бо мақсади таъмини кормандон бо шароити мусоиди корӣ иншоот бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ бунёд карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта дар бинои нав ва суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои қонунҳои амалкуна ҷалб карданд.

Таъкид карда шуд, ки бо мақсади амалӣ сохтани қарору қонунҳо, ки ба нафъи давлату миллат равона гардидааст, дар даврони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, барои кормандони Прокуратураи шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкони созгори фаъолиятро марҳила ба марҳила фароҳам овард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро туҳфаи навбатии Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, аз кормандони Прокуратура талаб намуданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона дар назди халқу Ватан анҷом диҳанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520