Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани гулгашти Восеъ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон

24.09.2020 08:14, ноҳияи Восеъ
Ба истифода додани гулгашти Восеъ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон   24.09.2020

Дар маркази ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон-шаҳраки Ҳулбук Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат нахуст дар гулгашти навбунёд аз рӯйи лавҳаи рамзи парда бардоштанд.

Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарош Хушбахт Саъдиев бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст. Баландии муҷассама бо назардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад. Таҷдиди гулгашт ва гузоштани муҷассама дар ин майдон бо саҳми шахсони эҳсонкор ва соҳибкорони хайрхоҳи маҳаллӣ сурат гирифтааст.

Масоҳати умумии гулгашт 1 гектарро ташкил дода, дорои беҳтарин шароит барои истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонон мебошад.

Лоиҳаи гулгашти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аҳмадҷон Ҳулбук” тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Восеъ ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ниагара-А” анҷом дода шудаанд.

Дар давраи таҷдиди ин иншооти фарҳангӣ ва гузоштани муҷассамаи Восеъ беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шудаанд.

Муҷассамаро бо истифода аз метали ранга сохта, таҳкурсӣ ва атрофи онро бо санги хоро оро додаанд.

Дар атрофи муҷассама бо композитсияи бадеӣ 3 фаввораи замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудааст.

Масоҳати гулкоришуда дар ин мавсеъ 0,65 гектарро ташкил медиҳад. Ин масоҳатро дар баробари майсазоркунӣ, ҳамчунин бо истифода аз 240 ҳазор дона гули ҳархелаи мавсимӣ оро додаанд, ки ба кас руҳу илҳоми болида зам менамояд. Тибқи иттилоъ дарахтони ҳамешасабзи шинонидашуда дар гулгашти Восеъ ба 270 бех баробар аст. Барои таъмини гулгашт бо об обанбор низ бунёд карда шудааст, ки ғунҷоиши он 100 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Гулгашт тавассути обпошакҳои замонавӣ обёрӣ мешавад. Раҳравҳо дар масоҳати 3500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидаанд. Дар гӯшаи гулгашт лавҳаи тарғиботӣ бунёд гардида, дар он мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ, аз ҷумла қалъаи таърихии “Ҳулбук”, “Қасри Миралӣ Маҳмадалӣ”, кӯҳи намаки “Хоҷамӯъмин” ва харитаи сайёҳии ноҳияи Восеъ тасвир шудааст.

Равшании гулгашти наву замонавиро дар шаб 80 адад чароғҳои гуногунҳаҷми хархела таъмин менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самаранок ва ҳамингуна зебою диққатҷалбкунанда нигоҳ доштани гулгашт масъулонро муваззаф намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520