Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ ва гузоштани санги асос барои бунёди мактаби наву замонавӣ

24.09.2020 08:06, ноҳияи Восеъ
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ ва гузоштани санги асос барои бунёди мактаби наву замонавӣ  24.09.2020

24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Восеъ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят ва ноҳия, хосса сокинони заҳматқарини ноҳияи Восеъ бо самимияти зиёд истиқбол гирифтанд.

Дар заминаи сиёсати бунёдкорона сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ нахуст бо гузоштани санги асос барои бунёди Мактаби наву замонавӣ оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ибрати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои бунёди Муассисаи таҳсилоти муёнаи умумӣ расман оғоз бахшиданд.

Дар асоси лоиҳа, мактаби нав барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Аснои шиносоӣ бо тарҳ ва нақшаи сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки мактаб дар заминаи нақша-чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 7200 метри мураббаъ сохта мешавад.

Мувофиқи лоиҳа, бинои мактаб 2-ошёна буда, дар он тамоми имконоти зарурии таълим аз рӯи стандарти муосир муҳайё мегардад.

          Тарҳи мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдончаҳо барои машқҳои озод ва бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол иборат буда, тибқи он бунёди синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла утоқҳои ҳунаромӯзӣ низ муҳайё карда мешавад.

Дар асоси лоиҳа ҳамзамон дегхона, анбори сӯзишворӣ ва зеристгоҳи барқи бунёд мегардад.

Аснои шиносоӣ бо тарҳ, ки аз ҷониби ширкатҳои маҳаллии лоиҳакашӣ тартиб ёфтааст, Сарвари давлат масъулинро барои татбиқи босифати лоиҳа ҳидоят намуда, дар самти риояи талаботи меъморӣ, аз ҷумла сифати сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520