Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

03.07.2012 14:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:

Мӯҳтарам Александр Григоревич!

Бо камоли мамнуният табрикоти худро ба муносибати солгарди иди миллии Ҷумҳурии Белорус ба Шумо тақдим медорам.

Кишварҳои моро робитаҳои қавии дӯстона ва ҳамкориҳои самарабахш, инчунин кӯшишҳои дуҷониба баҳри пойдории муносибатҳои тарафайн мепайванданд.

Изҳори боварӣ мекунам, ки мо бо саъю талошҳои муштарак ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус ривоҷу равнақ бахшида, онҳоро ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии ҳар ду халқу давлат мегардонем. Мо азми қатъӣ дорем, ки барои роҳандозӣ намудани ҳадафҳоямон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо, мӯҳтарам Александр Григоревич, тансиҳатӣ ва комёбиҳои беназир орзу намуда, ба халқи дӯсту бародари Белорус сулҳу беҳбудӣ ва шукуфоиро таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520