Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои тарабхонаи «Эҳсон» дар шаҳри Бохтар ва тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл

22.09.2020 17:08, шаҳри Бохтар
Ифтитоҳи бинои тарабхонаи «Эҳсон» дар шаҳри Бохтар ва тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл  22.09.2020

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Бохтар бинои тарабхонаи “Эҳсон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои тарабхонаи “Эҳсон” дар маркази вилояти Хатлон дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Даврон Мирзозода дар масоҳати 1650 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Иншооти тозабунёд аз ҷиҳати тарҳ ва лоиҳаи меъморӣ нисбат ба дигар тарабхонаҳои шаҳри Бохтар фарқкунанда буда, намои берунӣ ва дохилии бино аз ҷониби сохтмончиёни бомаҳорати ватанӣ бо нақшу нигори миллӣ ва аврупоӣ зебу зинат дода шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар тарабхона то 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимиву маоши хуб таъмин карда шуданд.

Дар ошёнаи якум ва дуюми бинои асосии тарабхона бар замми фароҳамсозии шароити хуби нишаст барои 246 нафар мизоҷ, ҳамчунин 19 ҳуҷраи алоҳида бо 114 ҷойи нишаст, 4 толори хурду васеъ барои баргузории ҳамоишҳо, гузаронидани ҷашну маросимҳо ва толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар фароҳам оварда шудааст.

Бинои тарабхонаи “Эҳсон” аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ бо сатҳу сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардида, саҳни бино сафолакпӯшу чароғон ва дар назди даромадгоҳ ду фаввораи зебову ранга бо тарҳи дилкаш насб гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба 144 нафар ятим, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои моливу пулӣ, ки аз либосу пойафзоли зимистона иборат буд, тақдим намуданд.

Сарвари давлат ятимонро ба ҷашни умумимиллӣ - 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, онҳоро ба омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар ҳидоят намуданд.

Бояд таъкид кард, ки дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад.

Ятимон ҳангоми суҳбат ба Пешвои раъиятпарвар ҷиҳати ғамҳориҳои падаронаашон миннатдорӣ баён намуданд. 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, тарбия мекунад ва таҳти парасторӣ қарор медиҳад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520