Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими тӯхфаҳо ба ятимон дар тарабхонаи “Бустон”-и ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020 11:28, ноҳияи Мастчоҳ
Тақдими тӯхфаҳо ба ятимон дар тарабхонаи “Бустон”-и ноҳияи Мастчоҳ  14.09.2020

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳ кардани бинои кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ дар  тарабхонаи “Бӯстон” бо ятимон мулоқоту сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тибқи иттилоъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 1173 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 24 нафарашон ятими кул мебошанд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст  ятимонро ба ҷашни умумимиллӣ - 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои идомаи таҳсил ва дар оянда омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар  ҳидоят намуданд, зеро ояндаи давлат ва миллат дар дасти ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва донишманду бозаковат мебошад.

Бояд таъкид кард, ки дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 50 нафар ятими ноҳияи Мастчоҳ, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар маҳрум мондаанд тӯҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим карданд.

Ятимон ҳангоми сӯҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушҳолӣ карда, ба Пешвои раиятпарвари худ ҷиҳати ғамҳориҳои падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд. 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷгоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, тарбия мекунад ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.

Хушбахтона дар доираи дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа имрӯз худро ҳеҷ гоҳ танҳо ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод  талош меварзанд.   

Бинои тарабхонаи “Бӯстон” дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бӯстон дар доираи нақша чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст. Бинои навбунёд аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгиранд.

Иншооти нав бо тарҳи меъмории муосир сохта шуда, ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам намудааст. Аз ин пас сокинони ноҳияи Мастчоҳ тую маъракаҳои худро имкон доранд  дар тарабхонаи барҳавои назаррабо, ки дорои шароити замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз аст, баргузор намоянд.

Соҳибкорони маҳаллӣ сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ намуда, дар корҳои ободонӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун саҳм гузошта, барои пешрафти як гӯшаи диёр ва дар маҷмуъ рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибихтиёр аҳлона заҳмат мекашанд. 

Бо сохта мавриди истифода қарор гирифтани бинои тарабхонаи “Бӯстон” имкон фароҳам омад, ки чанд нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, ба ин васила сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтару хубтар гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520