Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

13.08.2020 15:00, шаҳри Душанбе
Таъиноти кадрӣ  13.08.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ, прокуратура, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тағироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони судҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, муовинони раисони судҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаи мақомоти судӣ таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ноҳияи Тоҷикобод ва прокурори гарнизони ҳарбии ноҳияи Рашт таъин гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Ҳокимшо Раиси Раёсати корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», Амирзода Ориф Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддинзода Сайҷамолиддин директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб», Давлатқадам Бахтовар, Директори муассисаи таълимии давлатии «Мактаб –интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Азизӣ Зебуннисо муовини директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъин гардиданд.

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Даврон сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соҳибзода Муҳаммадҷон муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Зимни сӯҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои муҳимму масъулиятнок таъингардида Сардори давлат таъкид намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, мубориза бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлубу унсурҳои барои ҷомеа бегона, риояи баробари иҷрои қонуну барномаҳои давлатӣ дар мамлакат равона гардида, барои татбиқи ин ҳадафҳои созанда аз ҳар яки Шумо меҳнати софдилона ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи талаботи оинномавӣ талаб карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканӣ, даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ задан ва содир намудани рафторе, ки шаъну шарафи корманди мақомоти прокуратура ва судиро доғдор менамоянд, мисолҳои мушаххас оварда, ба раиси Суди Олӣ ва Прокурори генералӣ дастури қатъӣ доданд, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ ва омӯзиши фаъолияти ҳар як корманди соҳа сафи мақомоти судӣ ва прокуратураро, ки аз шохаҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд, аз шахсони тасодуфӣ тоза намоянд.

«-Худатон дар ҷомеа намунаи ибрат бошед ва барои таъмини волоияти қонуну тартибот кӯшиш ба харҷ диҳед» - таъкид намуданд Пешвои миллат.

Робитаи наздик бо мардум, таҳлилу баррасии одилона ва касбии ҳар як парвандаи ҷиноятӣ, таъмини баробари иҷрои қонунҳо, боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз вазифаҳое буданд, ки дар назди роҳбарон ва мутахассисоне, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъин гардиданд, гузошта шуданд.

Дар иртибот ба авзои печидаву пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки мубориза ва пешгирӣ аз ҷиноятҳои фаромиллӣ-терроризму экстремизм, шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои ақидаҳои ифротгароёна, ҷудоиандоз, халалдоркунандаи суботу амнияти ҷомеа аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба ҳисоб рафта, дар ин самт бояд муборизаро ҷоннок намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520