Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»

04.08.2020 19:51, шаҳри Душанбе

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия аз 1 сентябри соли 2020 зиёд карда шавад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид, ки ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маҳсуб меёбад.

Тибқи фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2020 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ташкилоту муассисаҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Инчунин маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд мегардад.

Мутобиқи ин фармон андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия ба ғайр аз стипендияи президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳамзамон маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз зиёд мегардад.

Аз 1 сентябри соли 2020, инчунин андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 15 фоиз зиёд мегардад.

Дар баробари ин андозаи нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, бе дарназардошти нафақа барои хизматҳои дарозмуддат ва хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба андозаи 15 фоизи ҳадди ақали нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад.

Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд, кӯдакони маъюби то 18-сола, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин ниёз дошта, ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин шудааст, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад.

Инчунин, қисми суғуртавии нафақаи нафақаҳои суғуртавии то 1 январи соли 2020 таъингардидаи нафақагироне, ки кор намекунанд ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба андозаи 8 фоиз индексатсия мешавад.

Зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, амалӣ карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки анҷоми тадбири мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеъа дар шароити кунунии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520