Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

01.08.2020 16:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат Сарони давлатҳо ба муносибати Иди мубораки Қурбон мубодилаи табрикоти самимиро унвонии мардумони ба ҳам бародари ду кишвар анҷом доданд.

Дар сухани худ Пешвои миллат суннатҳои аслии ин Иди саидро, ки таҷассумгари арзишҳои умумбашарии бародарию пайвандҳои амиқи дӯстӣ, ризоят, ҳамдигарфаҳмиву эътимод ба якдигар ва ҳамдастӣ мебошанд, таъкид карданд.

 Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии пандемияи “Ковид-19” дар сатҳи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин зимн Президенти Тоҷикистон ба мардуми шарифи Туркия, наздикону пайвандони қурбониёни ин бемории ҳамагир ҳамдардии амиқ баён намуда, ба бемороне, ки гирифтори он мебошанд, шифои ҳарчи зудтар орзу карданд. Ба ҷониби Туркия барои тақдими кумаки башардӯстонаи тиббӣ ва мусоидат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан миннатдории ин ҷониб иброз карда шуд. Дар робита ба ин Президентҳо омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати дар ояндаи наздик аз нав ба роҳ мондани парвозҳои мунтазамро байни ду кишвар таъкид карданд.

Масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ва муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520