Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

02.07.2020 13:04

Имрӯз  суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар ибтидои суҳбат Сарвари давлати мо Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Федератсияи Россия сидқан табрик намуда, таъкид карданд, ки нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон  дар он боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки  роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ  дар Россия пеша кардааст. Ҳамчунин қайд гардид, ки тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар  такони тоза бахшида, ҳатман  ба нафъи тамоми шаҳрвандони  Россия хизмат хоҳанд кард. Дар ин зимн Президенти Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Россия сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намуданд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Россия ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520