Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз нашъунамои ниҳолҳои пахта дар Кооперативи тиҷоратии ба номи “Ҷаббор Расулов” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

02.07.2020 11:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои ниҳолҳои пахта дар Кооперативи тиҷоратии ба номи “Ҷаббор Расулов” аз наздик шинос шуда, бо саҳмдорони он мулоқот анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки кооперативи мазкур соли 1929 ташкил гардида, феълан 6036 гектар заминро дар ихтиёр дорад, ки аз ин ҳисоб 1598 гектарашро замини обии корам ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия Кооперативи тиҷоратии ба номи “Ҷаббор Расулов” аз бузургтарин ҷамъиятҳои кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, айни замон 956 саҳмдор дорад.

Имсол хоҷагӣ дар масоҳати 710 гектар кишти пунбадона гузаронидааст, ки айни ҳол нашъунамои хуб дорад. Дар хоҷагӣ асосан навъи пахтаи “Дӯстӣ” парвариш мешавад, ки ба иқлим ва боду ҳавои минтақа мусоид мебошад. Иброз гардид, ки бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ва нигоҳубини хуби майдони кишт, ҳамасола аз ҳар гектар замин бештар аз 30 сентнер ҳосил ба даст оварда мешавад. Аз ҳисоби кишти пахта хоҷагӣ ҳамасола фоидаи хуб ба даст меорад. Ҳамчунин дар майдони боқимондаи киштшаванда дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ парвариш карда мешавад.

Аҳли заҳмат дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, барои рӯёнидани якчанд ҳосил тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд. Ғайр аз пахта, айни ҳол дар масоҳати 200 гектар гандуми тирамоҳӣ, 110 гектар шолӣ ва 10 гектари дигар картошка кишт карда шудааст. Дар қисмати боқимондаи заминҳои дарихтиёрдоштаашон кишоварзон пиёз, помидор, ҷуворимакка корида, ҳамчунин ба масъалаи парваришу ҷамъоварии хӯрокӣ чорво низ диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Аз ин ҷост, ки дар масоҳати 94 гектар замин ду навъи беда ва 36 гектари дигар барои хӯроки чорво кишти зироатҳои силосбоб анҷом дода шудааст.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои ду фермаи чорвопарварӣ буда, ба пуррагӣ талаботи худро бо хуроки чорво қонеъ мекунад ва ҳамасола хӯроки чорворо ба фӯруш низ мебарорад. Иброз гардид, ки дар Кооперативи тиҷоратии ба номи “Ҷаббор Расулов” ба нигоҳубину парвариши дарахтони мевадиҳанда диққати хоса зоҳир гардида, айни ҳол дар 156 гектар буттамевазор бунёд гардидааст ва дар 29 гектар замини дигар дарахтони тут нигоҳубин карда мешавад. Хоҷагӣ дар се минтақа – Ёва, Навобод ва Мараҷаб фаъолияти босамар дорад.

Кооперативи тиҷоратӣ 4 бошишгоҳи саҳроӣ дошта, ҳамаи онҳо бо таҷҳизот ва мошинолоти корӣ таъмин мебошанд. Имкониятҳои фароҳамовардашуда ва таҷрибаи зиёди корӣ боиси он гардидааст, ки кооператив ҳамасола фаъолияти худро густариш дода, истеҳсоли номгӯй ва миқдори маҳсулоти кишоварзиро сол то сол афзоиш медиҳад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи кишоварзони кооператив дидан карда, бо навъҳои тухмие, ки дар заминҳои хоҷагӣ истифода мегарданд, шинос шуданд. Аҳли заҳмат тухмии намудҳои гуногуни пахта, ҳамчунин бештар аз 10 номгӯи дигари зироатҳои кишоварзиро ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки тухмиҳои мазкур асосан барои кишти такрорӣ пешбинӣ гардида, имсол дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи дастурҳои Пешвои миллат дар масоҳати 1447 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад. Тибқи дурнамо, сабзавот, намудҳои гуногуни сабзӣ, шолӣ, мош ва хӯроки чорво такроран корида шуда, кишоварзон азм доранд, ки аз як замин чанд ҳосил ба даст оранд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид масъулинро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва мутобиқ ба иқлими кишвар, кишти такрориро вусъат бахшанд. Зеро тухмии хушсифат омили асосии ба даст овардани ҳосили хуб буда, ба ин васила метавон маҳсулнокии заминро низ баланд бардошт.

 Пешвои миллат ба аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии ба номи “Ҷаббор Расулов” ҷиҳати истифодаи самараноки замин, рӯёнидани чанд ҳосил ва вусъат додани ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520