Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи фермаи парандапарварии ҶДММ "Чӯҷаи Байзо" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

30.06.2020 08:15, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

30 июни соли 2020 дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фермаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Чӯҷаи Байзо"-ро ифтитоҳ намуданд. Фермаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ҷавон Азимҷон Пӯлодов бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, он аз 7 қисм иборат мебошад ва дар масоҳати 1,48 гектар доман густурдааст. Аснои шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки корхона дар вилояти Суғд яке аз калонтарин коргоҳҳои хушзоткунии паранда ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсоли гӯшти мурғ дар як моҳ 100 тоннаро ташкил медиҳад. Дар коргоҳ муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ насб гардида, ҷараёни нигоҳубини чӯҷаҳо ва мурғҳои гӯштӣ ба таври автоматӣ назорат карда мешавад.

Гӯшти мурғ дар кишвари мо яке аз маҳсулотҳои серталабот ба шумор рафта, ҷиҳати густариши ин соҳа аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо қабул гардидаанд. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ имрӯз самар меорад ва дар мамлакат теъдоди чунин корхонаҳо тадриҷан зиёд карда мешавад.

Бино ба маълумоти оморӣ, танҳо дар вилояти Суғд дар давоми 5 моҳи соли 2019 агар 586,6 тонна гӯшти парҳезии мурғ истеҳсол шуда бошад,  пас ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2020 ба 3062,4 тонна баробар гардид. Ин ба он маъност, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон вобаста ба ин масъалаи муҳим, ки як бахши муҳими амнияти озуқаворист, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Бо ба истифода додани Фермаи парандапарварии "Чӯҷаи Байзо",  воридоти гӯшти мурғ ба мамлакат боз ҳам коҳиш меёбад. Зимни боздид Пешвои муаззами миллат ҷиҳати васеъ гардонидани истеҳсолот ва афзоиш додани истеҳсоли гӯшти мурғ ба масъулони соҳаи кишоварзии мамлакат супоришҳо доданд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи Фермаи парандапарварии "Чӯҷаи Байзо" дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки соҳибкорону кишоварзон вобаста ба вазъияти баамаломада бояд масъулияти бештар ҳис кунанд ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузоранд.

Дар навбати худ парандапарварон низ ваъда доданд, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат корро дар ин самт ҷоннок намуда, то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди коргоҳ як сехи коркарди хӯроки паранда ташкил менамоянд ва  ба ин васила шумораи кормандонро зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро афзоиш медиҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520