ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
озод намудани Акрамзода П.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Акрамзода Парвиз Акрам бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
8 июни соли 2020
№1549