Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

23.05.2020 07:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар як хонадони кишвар осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоям.

Имсол мардуми сайёра, аз ҷумла мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазонро дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус паси сар карданд. Мутобиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ин беморӣ қариб 200 давлати ҷаҳонро фаро гирифта, беш аз 4 миллион нафар сокинони сайёра ба он гирифтор шуданд ва ҳазорон нафар одамон ба ҳалокат расиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози пайдоиши коронавирус ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии он ба кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонид. Аз ҷумла Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус таъсис дода шуд, ки вазифаи он ташкил ва танзиму ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ доир ба пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мебошад. Вале мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ин беморӣ дар кишвари мо низ пайдо шуд ва то имрӯз даҳҳо нафар ҳамватанонамон бар асари он вафот карданд.

Дар остонаи иди саиди Фитр ба ҳамаи онҳое, ки наздикону азизони худро аз даст доданд, ҳамдардии амиқ баён мекунам ва ба онҳо аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил мехоҳам.

Ман вақтҳои охир дар чандин суханронии худ ба мардуми Тоҷикистон такрор ба такрор муроҷиат кардам, ки аз тарафи ҳар як сокини кишвар ба хотири ҳифзи саломатии худ ва дигарон дар хона, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштӣ ва низоми рафтори аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсияшуда ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ба таври қатъӣ риоя карда шаванд.

Дар хотир бояд дошт, ки риояи тозагиву покизагӣ, яъне қоидаҳои беҳдошти шахсӣ на танҳо шарти муҳимми ҳифзи саломатист, балки тибқи таълимоти исломӣ яке аз фазилатҳои муҳимтарини ахлоқии ҳар як шахси мусулмон низ мебошад.

Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ислом моҳиятан чун дини маърифату ахлоқ ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, муоширати нек ва муҳаббату самимиятро бо аҳли хонадон, хешу таборон, ҳамсояҳову атрофиён ва риояи одоби бародариву мурувватро бо дӯстону ҳамкорон талқин мекунад.

Инчунин, раҳму шафқат ва кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, беморону шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо дар таълимоти дини мубини ислом қобили таҳсин ва аъмоли хайру савоб шуморида мешавад. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки савоби навозиши дилшикастагону муҳтоҷон аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёдтар аст. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри рӯза низ савоби зиёд дорад.

Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст.

Тарбияи фарзандони солеҳ, баодобу соҳибмаърифат ва таблиғи илму дониш низ аз ҷумлаи корҳои шоистаи ҳар як инсони солимфикру имондор мебошад. Дини мубини ислом ба ин масъалаҳо низ арҷи зиёд мегузорад.

Воқеан, ҳанӯз аз нахустин асрҳои густариши ислом фарзандони донишманду фарзонаи миллати фарҳангиву соҳибтамаддуни тоҷик, хусусан, Имоми Аъзам ва Имом Бухорӣ дар тафсиру таблиғи андешаву афкори инсондӯстӣ, маърифатҷӯӣ ва фарҳангпарварӣ саҳми беназир ва бесобиқа гузоштаанд.

Аслан, равшан нигоҳ доштани чароғи маърифат ва тарбияи наслҳо дар рӯҳияи ҷустуҷӯи илму дониш яке аз асосҳои муҳимтарини таълимоти аҷдоди бузурги мо будааст. Ба қавли як қатор ҳадиснависон Пайғамбари ислом ақлу заковати ниёгони маърифатпарвари моро ситоиш намуда, дар сӯҳбате таъкид кардааст: - "Агар илм дар Сурайё мебуд, мардуме аз фарзандони Форс онро ба даст меоварданд".

Ба шарофати саъю кӯшиши чунин бузургони миллат буд, ки дар замони Сомониён китобхонаҳо бунёд шуда, фаро гирифтани илмҳои замон барои ҳар як толибилму маърифатҷӯй фарз дониста мешуд. Дар он даврон омӯзиши донишҳои дунявӣ дар баробари илмҳои динӣ ба ҳукми анъана даромада буд, ки дар натиҷа аз миёни ачдоди мо дар тӯли ду-се асри баъдӣ даҳҳо нафар нобиғаҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ ба камол расиданд. Яъне дар ниҳоди миллати мо ҷустуҷӯйи илм ва танҳо бо ҳамин роҳ обод нигоҳ доштани рӯзгор аз қадим сиришта шудааст.

Имрӯз низ маҷрои тезутунди асри нав ва пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника ва технологияҳо дар миқёси ҷаҳон моро водор месозад, ки барои ҳифзу таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишварамон аз кашфиёту ихтирооти илму дониш, тафаккури пешрафтаи башарӣ, дастовардҳои навтарини техникаву технологияҳо ва имкониятҳои торафт афзояндаи соҳаи иттилоот ва коммуникатсия ҳарчи бештар истифода намоем.

Зеро бе маърифати баланди сиёсиву иқтисодӣ, ҷаҳонбинии васеи муосир, тафаккури рушдёфтаи техникиву технологӣ, қобилияти баланди коршиносӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ бо раванди ҷаҳонишавӣ баробар қадам задан мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.

Маҳз ба ҳамин хотир, ман дар мулоқоту суханрониҳои худ масъалаи зарурати дастгирии соҳаи илму маориф ва рушди илму техникаро ҳамеша таъкид мекунам.

Бемории коронавирус нишон дод, ки мо дар ин самт, хусусан, дар масъалаи омода кардани кадрҳо, таъминот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва доруворӣ ҳанӯз чӣ қадар мушкилоти зиёд дорем.

Модоме ки мо худро вориси Синои бузург мешуморем, бояд ҳарчи зудтар ин камбудиҳоро бартараф созем. Дар навбати аввал, масъалаи норасоии кадрҳои баландихтисосро ҳал кунем. Ба истеҳсоли таҷҳизоти тиббиву доруворӣ эътибори фаврӣ ва аввалиндараҷа диҳем, то муҳтоҷи дигарон набошем.

Бинобар ин, вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу номуси Ватан ва мусулмони равшанфикр ин аст, ки дар баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандии хешро низ ба ҷо орад. Яъне кӯшишу талоши худро ба пешрафту ободии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва таҳкими дастовардҳои он, пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин комёбиҳои мо мебошанд, инчунин, дастгирии илму маориф ва тарбияи кадрҳо, аз ҷумла мутахассисони сатҳи баланди касбият барои соҳаи тандурустӣ равона созад.

Ҳамчунин, бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар чунин рӯзҳои вазнин бо садоқат ба савганди касбии худ ба мардуми Тоҷикистон софдилона ва шабу рӯз хизмат карда истодаанд, бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.

Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза мову шуморо водор месозад, ки нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии худро аз даст надиҳем, ба хотири таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти ҳамаҷонибаи Ватани азизамон аҳлона саъю талош намоем.

Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон барои мо ҳамаи ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад ва мо бояд танҳо дар асоси он кору зиндагӣ кунем. Зеро дар ҳамаи давру замонҳо риоя накардани қонун боиси фалаҷ шудани шохаҳои ҳокимият ва рукнҳои давлатдорӣ мегардад, ки оқибатҳои он бисёр фоҷиабор аст.

Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаро махсус таъкид намоям: мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки дар вуҷуди ҳар як фарди Ватан ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтиром ва риояи бечунучарои қонун, азми қавии созандагӣ ва ободонии Ватан, кӯшиши илму донишомӯзӣ ва маърифатпарварӣ ба манфиати пешрафту тараққиёти кишварамон амиқ ҷой дошта бошад.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки фарзандони худро ба роҳи илму донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, самимона дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намоем ва дар таълиму тарбияи замонавии онҳо тамоми имкониятҳоро сафарбар созем.

Ҳадафи асосии мо аз эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” ҳарчи бештар шавқманд кардани наврасону ҷавонон ба омӯхтани илмҳои дақиқ, ташаккулу тавсеаи тафаккури техникии аҳолӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани пешрафти ҷомеа ва давлатамон мебошад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳар яки мову шумо дар рӯзҳои ид ва умуман, ҳамеша илова ба анҷом додани фаризаҳои динӣ ва амалҳои хайру савоб бояд ба тозагӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем. Ин масъала, яъне тозагӣ ва эҳтиёт, хусусан, дар мавсими хуруҷи беморие, ки имрӯзҳо идома дорад, барои ҳар як шахс ҳаётӣ ва заруру ҳатмист.

Дар баробари ин, ба ҳамватанони азизам муроҷиат мекунам, ки аз ин рӯзҳои сахт набояд дилшикаставу ноумед гарданд. Зеро ин рӯзҳои мушкил низ мисли дигар давраҳои сахту сангин ҳатман мегузаранд.

Бори дигар иди саиди Фитрро ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама, саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520