Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

15.04.2020 14:22, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози музокирот Сарвари давлати мо аз номи мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ба Президенти Федератсияи Россия барои дастгирӣ ва кумаки башардӯстона, аз ҷумла бо воситаҳои тестӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ дар даврони барои ҳама душвор арзи сипос намуданд.

Ба ин муносибат Президенти Тоҷикистон аҳаммияти амалҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати расонидани мусоидати фаврӣ ба якдигар таъкид карда, иброз доштанд, ки “Дар ин рӯзҳои вазнин мо бояд чун пештара ҳамдигарро дастгирӣ намоем”.

Зимнан, ҷонибҳо атрофи вазъи дар пасманзари хатари паҳншавии фаромарзии пандемияи коронавирус дар ҳар ду кишвар баамаломада мубодилаи иттилоъ анҷом доданд.

Президенти Тоҷикистон ба талошҳои саривақтии роҳбарият ва Ҳукумати Россия дар ҷодаи гирифтани пеши роҳи паҳншавии вируси сироятии хатарнок баҳои баланд дода, матонати табибони Россия, ки дар ҷабҳаи аввали мубориза бо пандемия дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он қарор доранд, ҳамчунин чораҳои дар кишвар ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андешидашавандаро бахусус қайд карданд. Изҳори итминон карда шуд, ки Россияи дӯст бо такя ба иқтидорҳои хеш ин санҷиши ҷиддиро низ паси сар хоҳад кард.

Дар рафти сӯҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории ҳамкории дуҷониба ва ҳалталаби шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро баррасӣ намуданд.

Россия имрӯзҳо шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Вобаста ба ин Президенти Тоҷикистон ҷараёни рушди боустувори ҳаҷми мубодилаи молро миёни ду кишвар дар соли гузаштаву семоҳаи соли ҷорӣ ва зарурати дар оянда низ нигоҳ доштани ин раванди мусбатро ба таври хосса таъкид карданд.

Ҳамчунин, ба муҳиммияти идомаи ҳамоҳангии талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар чорчӯбаи ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ишора карда шуд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ Сарвари давлати мо иқдоми ҷониби Россияро ҷиҳати барои муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои тамдиди мӯҳлати будубошашон дар кишвар ба таври мусбат арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳаммияти калидии таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ таъкид гардид.

Дар ин зимн ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои низомиву техникӣ ва ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон, инчунин идомаи шарикии самарабахш дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520