ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 15 апрели соли 2020 №224
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Вазири меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сангинзода Э.Н.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сангинзода Эмин Нӯъмон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон