Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев

03.04.2020 20:13, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбати телефонӣ сарони ду давлат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, инчунин мушкилоти марбут ба паҳншавии глобалии коронавирусро баррасӣ намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи кумаки мутақобила ва дастгирӣ дар мубориза бар зидди пандемия пурзӯр карда мешаванд.

Дар ин робита, қарор шуд, ба сарвазирони ду кишвар супориш дода мешавад, ки дар мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус чораҳои муштарак андешида, ҳамкориро дар соҳаи тиҷорат ва ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ тақвият бахшанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520