Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

26.03.2020 10:31, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ асос гузоштанд. Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин ниҳолро шинонида, барои нигоҳубини дурусти боғ ба кишоварзон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бунёд гардида, дар он дарахтони себ, нок, зардолу ва шафтолу шинонида мешавад. Ниҳолҳое, ки дар боғ шинонида мешаванд, аз дигар давлатҳо ворид гардида, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, ба обу ҳаво ва иқлими Тоҷикистон муносиб мебошанд. Аз рӯи хусусият, тамоми ниҳолҳо қадпаст ва миёнақад буда, самаранокии боғи суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои муқаррариву интенсивӣ бештар мебошад. Аз он ки дар боғи суперинтенсивӣ дарахтони мевадиҳанда нисбатан зичтар шинонида мешаванд, имкон пайдо мешавад, ки дар як гектар замин то 2220 бех ниҳол ҷой дода шавад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аллакай аз соли сеюм ниҳолҳои боғи суперинтенсивӣ ба ҳосил даромада, то панҷсолагӣ ба пуррагӣ самаровар хоҳанд шуд. Тибқи баҳогузории кишоварзон, аз як гектар боғи суперинтенсивӣ аз 20 то 25 тонна меваи хушсифат ба даст оварда мешавад. Аз ин рӯ, чунин навъи маҳсулот таъиноти содиротӣ дошта, дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд.

Тавре зимни муаррифӣ иброз гардид, боғи нав бо усули қатрагии рӯйихокӣ ва қатрагии зери шохсор обёрӣ гардида, дар масоҳати 0,67 гектар навъҳои себи “Голден Делишес”, “Стар Кримсон”, 0,46 гектар ноки “Санта Мария”, 1,76 гектар шафтолуи “Нектарин” ва “Амрикоӣ” парвариш карда мешавад.

Таъкид гардид, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар мамлакат тайи чанд соли охир кишоварзон дар баробари саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчунин барои истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ низ нақши чашмрас гузошта истодаанд ва бо бунёди боғҳои суперинтенсивӣ, ин иқтидор боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин бунёди боғи мазкур ба амалишавии ҳадафҳои Барномаи давлатии “Рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” мусоидат намуда, майдони боғзор ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёдтар хоҳад кард.

Сарвари давлат ба кишоварзон дастур доданд, ки боғи навбунёдро бо риояи тамоми меъёрҳои агротехникӣ нигоҳубин намуда, барои нашъунамои саривақтии ниҳолҳои шинонидашуда чораҳои зарурӣ андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520