Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи гармхонаи замонавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

26.03.2020 10:30, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ММК Агро" оғози расмӣ бахшиданд.

Корҳои бунёдӣ дар ин гармхона соли 2019 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Қобил ба зикр аст, ки иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат ташкил гардида, дар он маҳсулоти босифат парвариш карда мешавад. Иқдоми мазкур аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров пиёда гардида, масоҳати умумии он 2 гектарро ташкил медиҳад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки гармхона ба ду қисм: гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардида, тамоми таҷҳизоти он аз Кореяи Ҷанубӣ ворид гардидаанд. Дар қисмати гидропоника, ки як гектари гармхонаро ташкил медиҳад, айни ҳол парвариши бодирингу помидор ба роҳ монда шудааст ва парваришу нигоҳубини тухмиҳо ба таври автоматӣ иҷро гардида, барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд 13 намуди элементҳо тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ расонида мешавад. Муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад ва барои иҷрои ин амалҳо ду деги калонҳаҷм низ насб гардидааст.

Қисмати органикӣ, яъне ба таври маъмӯлӣ парвариш кардани тухмиҳо, аз ду як ҳиссаи гармхонаи мазкурро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо низ ҳама амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне ҳавои сунъии гарм нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амал дар қисмати органикии гармхона 80 адад ҳаводиҳандаҳои ихроҷкунандаи гармӣ насб гардидааст. Тибқи пешгӯиҳо, бо истифода аз чунин имконоти муосир ва қоидаҳои агротехникӣ, аз ҳар гектар дар як сол бештар аз 180 тонна бодиринг рӯёнидан мумкин аст. Баъд аз ба истифода додани гармхона 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 50 нафар бо кори мавсимӣ ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Аснои шиносоӣ бо имкониятҳо ва шароитҳои мусоиди корӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускории соҳибкор баҳои баланд дода, ташкил ва роҳандозии парвариши растаниҳо, хусусан бодирингу помидор ва қаланфури булғориро бо чунин усул омили муҳими беҳтар намудани сифати маҳсулот ва ба даст овардани бозори гарми ин навъи маҳсулот хонданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ММК Агро" дар баробари парвариши помидору бодиринг ва растаниҳои мавсимӣ, ҳамзамон 6 гектар ангурбоғ низ мавҷуд аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз боғи навбунёди ҷамъият дидан намуданд. Токзор бо истифода аз қоидаҳои агротехникӣ бунёд гардида, 3 гектари онро навъи ангури "Суғдиён", ки аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид гардидаанд, ташкил медиҳад. Дар 3 гектари дигар ангури навъи "Ҳусайнӣ" парвариш меёбад.

Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тозаи ватанӣ, дар назар аст, ки мавсими оянда токзори мазкур васеъ гардонида шуда, дар паҳлуи он 7 гектар боғи нави суперинтенсивии себу нок бунёд мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати дастгирии сиёсати Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, масъулинро барои боз ҳам беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини бозори дохилию хориҷӣ бо меваю сабзавоти хуштамъу босифат ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520