Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

23.03.2020 14:54

Дар рӯзҳои ҷашнии наврузӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Сипоси самимии хешро ба Шумо барои табрикоти ҷашни Баҳор дар Чин изҳор медорам. Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, инчунин аз номи худам ба муносибати фарорасии ҷашни анъанавии Тоҷикистон – ҷашни Наврӯз Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро табрик намоям. 

Чин ва Тоҷикистонро, ки кӯҳу дарёҳои муштарак ба ҳам мепайванданд, ҳамсоя ва дӯстони ба якдигар некхоҳ бо сатҳи баланди боварии тарафайн, инчунин шарикони боэътимоди дорои манфиатҳои муштарак ва барои ҷонибҳо судманд мебошанд. Ман ба сатҳи  муносибатҳои дуҷонибаи Чин ва Тоҷикистон, ки аз ҷумла дар дастгириву мусоидати якдигар дар мубориза алайҳи эпидемияи COVID-19 зоҳир мешавад, баҳои баланд медиҳам.

Ман омодаам, ки дар якҷоягӣ бо Шумо тамосҳои доимии байни Чин ва Тоҷикистонро нигоҳ дошта, бо талошҳои муштарак раванди бунёди Ҷамъияти рушди муштарак ва Ҷамъияти амниятро барои ноил шудан ба натиҷаҳои нав бар манфиати ду кишвар ва мардумонамон пеш барем.

Ба шумо саломатии бардавом ва дар корҳоятон бурдбориҳо таманно дорам! Ба мардуми дӯсти тоҷик хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно дорам!».

Дар табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент:

Аз номи мардуми Амрико ба шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи хушбахтона ва осуда орзу мекунам. Дар мавсими эҳё ва навсозӣ, Иёлоти Муттаҳида бори дигар ҷонибдори таҳкими шарикӣ ва ҳамкориҳои халқҳоямонро таъкид мекунад.

Имрӯзҳо Шумо ва мардуми Тоҷикистон беш аз пеш дар таъмини сулҳ ва шукуфоӣ дар Афғонистон нақши муҳим доред. Мо аз мушорикати Шумо бо мо дар таҳкими суботи минтақавӣ ва густариши имконоти иқтисодии ҳарду кишварамон миннатдорем. Наврӯз Муборак!»

Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз самими қалб Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии рӯзи эҳёи баҳор ва шукуфоиву шукӯҳ – ҷашни фархундаи Наврӯз табрик мегӯям.

Наврӯз арзишҳои умумибашариро ситоиш намуда, русуми муштарак, арзишҳои олӣ ва анъанаҳои беназири халқҳои бародари моро инъикос мекунад ва ба таҳкими рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамбастагии минтақавӣ хидмат менамояд.

Итминон дорам, ки шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки бар заминаҳои эҳтирому эътимод ба якдигар ва дӯстӣ асос ёфтааст, бо саъю талошҳои муштарак ва иродаи қавии сиёсӣ минбаъд низ ба нафъи манфиатҳои умумӣ ва шукуфоии халқҳои мо таҳким хоҳад ёфт.

Дар ин рӯзи ҷашни муаттари баҳор ба Ҷаноби Олӣ умри дароз, саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои нав, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда таманно дорам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни бузурги Наврӯз самимона табрик менамоям.

Муҳиммияти Наврӯз бо дӯстӣ ва созандагӣ алоқаманд буда, сарчашмаи некӣ, саховатмандӣ ва меҳрубонии фарогир  аст. Бигзор ин ҷашни фархундаи барои мо муштарак бародарии кишварҳои моро боз ҳам бештар тақвият бахшида, хушҳоливу бурдбориро насиби онҳо гардонад.

Мутмаинам, ки бо шарофати кӯшишҳои муштарак шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки ба дӯстии пойдор ва ҳамкории ҷонибҳо асос ёфтааст, ба манфиатҳои мардумонамон бемайлон рушд хоҳад кард.

Дар рӯзҳои ҷашни ин иди бошукӯҳ ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар татбиқи нақшаҳои некатон ба хотири таъмини ояндаи дурахшон ва афзун гардонидани шӯҳрати давлати  Шумо комёбиҳо ва ба мардуми Шумо некӯаҳволиву шукуфоӣ таманно дорам».

Нурсултон Назарбоев, Президенти аввали Ҷумҳурии Қазоқистон зимни паёми худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати иди Наврӯз қабул фармоед.

Бигзор ҷашни Наврӯз, ки рамзи сулҳу ваҳдат аст, ба мардумони дӯсти мо некӯаҳволиву фаровонӣ орад.

Итминон дорам, ки муносибатҳои барои тарафҳо судманди Қазоқистон ва Тоҷикистон минбаъд низ дар сиғаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба рушд хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии бардавом, дар фаъолияти пурмасъулатон муваффақият ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно мекунам».

Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Аз номи халқи Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни баҳории Наврӯз аз самими қалб муборакбод мегӯям!

Дар тӯли асрҳо халқҳои мо ба ҷашни Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат аст, аҳамияти бузург медоданд ва бигузор ин ҷашн ба мардумони мо накӯӣ ва шукуфоӣ оварад.

Итминони комил дорам, ки саъю кӯшишҳои мо барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон ба густариши ояндаи ҳамкории  судманди ду давлат такони муассир хоҳанд бахшид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Шумо саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон муваффақиятҳо, инчунин ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон – Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шарафмандам, ки ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини некуаҳволӣ ва шукуфоиро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз мефиристам.

Ҷашни Наврӯз, ки рамзи сулҳу ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамбастагӣ ва зиндагии созгор бо табиат аст, пайки рӯзи нав ва оғози нав мебошад. Ин ҷашни фирӯз, ки ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири мероси ғании фарҳангии тамоми инсоният эътироф шудааст ва дорои арзишҳои олии инсонӣ мебошад, дар таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати байни халқҳо аҳамияти махсус дорад.

Бигузор ин ҷашни наҷиб барои Шумо ва барои тамоми мардуми дӯсти кишвари Шумо бо хушбахтӣ, шодмонӣ ва комёбиҳои нав хотирмон гардад!».

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар табрикоти худ гуфтааст:

“Муҳтарам Эмомали Шарифович,

Дар иртибот ба ҷашни Наврӯз беҳтарин таманниёти ин ҷониб ва мардуми Озарбойҷонро ба унвони Шумо ва мардуми тоҷик  қабул фармоед.

Ин ҷашни  бошукӯҳ, ки ба табиат манзараи нав ва эҳёи дубора мебахшад, мардумро ба корҳои хайр ҳидоят менамояд.

Бовар дорам, ки ин ҷашни баҳорӣ рӯҳияи нек, хушнудӣ ва фаровониро насиби мардумони мо, ки анъанаҳои ғании Наврӯзро пос медоранд, хоҳад гардонид.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо сиҳатмандии комилу дар фаъолиятатон комёбиҳо ва ба кишвари Шумо сулҳу некуаҳволӣ орзумандам.”

Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Туркия зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Президент, Бародари азизам,

Ҷаноби Олӣ, Шумо ва мардуми дӯсту бародари тоҷикро ба муносибати ҷашни Наврӯз, ки муждаи баҳор, рамзи бародарӣ, сулҳу ваҳдат, баракату ҳамфикрӣ буда, тӯли садсолаҳо анъанаи муштараки кишварҳоямон мебошад, аз номи мардуми Туркия ва шахсан номи худам сидқан табрику муборакбод мегӯям.

Ҷашни Наврӯзро дар бисёр минтақаҳои дунё, алалхусус аз кишварҳои Балкан то Шарқи Наздик, аз Анатолия то Осиёи Марказӣ, бо шукӯҳи хосса ҷашн мегиранд. Тавассути ҷашни Наврӯз мо ақидаҳои сулҳ ва муҳаббату бародариро дар паҳнои олам паҳн мегардонем.

Аз сидқи дил орзумандам, ки ҷашни Наврӯз на танҳо дар кишвару минтақаҳои мо, балки дар тамоми ҷаҳон сулҳу ҳамдилиро пойдор гардонад.

Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, Ҷаноби Олй, тансиҳатӣ, хушбахтию комёбӣ ва ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон некӯаҳволию саодатмандиро таманно дорам».

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли масаррат фаро расидани Наврӯзи бостонӣ, фасли шукуфоии замин ва оғози соли 1399-и хуршедиро ба Ҷаноби Олӣ самимона табрик мегӯям.

Наврӯз, ин суннати куҳан ва бо шукуҳ, паёмовари ишқу меҳрварзӣ асту баҳор, дамидани рӯҳи ҳаёт дар корбуди табиат, ҷилавгирии қудрати лоязоли Илоҳӣ ва фасли нав шудан ва ҳангомаи зудудани ғубори яъс аз тану ҷони одамиён.

Наврӯзи имсол мутаассифона бо вуҷуди короновирус ба Эрон ва бисёр аз кишварҳо ҳамзамон шудааст. Табиӣ аст, ки ба лиҳози иртиботи рӯзонаи кишварҳои мо ва дигар ниёз ба ҳамкорӣ барои убур аз буҳрони ношӣ аз ин вируси хатарнокро пеш аз гузашта зарурӣ сохтааст, аз ин рӯ муносиб аст бо фароҳам намудани имконияти доруӣ ва дармонӣ, ҳамдигарро ёрӣ кунем, то бар ғалаба бар ин вируси муҳоҷим, ҷашни Наврӯзро ба маросими таъмини саломатӣ ва баракати миллатҳои худ табдил диҳем.

Аз Худованди мутаъол саломатӣ ва муваффақияти он ҷаноб ва беҳрӯзии давлат ва мардуми азизи Тоҷикистонро орзу дорам».  

Дар табрику таҳнияти Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни Наврӯз қабул фармоед.

Ин ҷашни фархундаи эътидоли баҳорӣ рамзи хоҳиши сулҳ, таҳаммул, ҳамоҳангӣ бо табиат, ҳамдигарфаҳмии байни мардумон, пайдарпайии анъанаҳо ва наслҳоро ифода мекунад.

Наврӯз дар нигоҳдории гуногуншаклии фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳои   неки ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо ва кишварҳои ҳавзаи Созмони ҳамкории Шанхай нақши муҳим дорад.

Мояи хушнудист, ки бо иштироки фаъоли давлатҳои аъзои СҲШ расо 10 сол қабл Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаро дар бораи Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул кард, ки шаҳодат аз шинохти аҳамияти ин ҷашн дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаҳои беҳтарини ҷашни Наврӯз ҳифз гардида, рушд меёбанд ва чунин воқеият дар нигоҳдорӣ ва тарғиби ин ҷашн, ки ба мероси муҳими ғайримоддии фарҳангии инсоният табдил ёфтааст, саҳми бузург мегузорад.

Дар арафаи ин рӯзи фархунда иҷозат фармоед ба Шумо саломатии бардавом, бурдборӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияти давлатиатон ба манфиати рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақиятҳои нав ба нав орзу намоям!»

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520