ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи раиси ноҳияи
Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Раҷабзода Ҳ.Ҳ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 марти соли 2020
№1470
РАҶАБЗОДА Ҳусния Ҳукуматшо
аз марти соли 2020 дар мансаби раиси ноҳияи Мурғоб кор мекунад.
Соли таваллуд 24 июни соли1982 Ҷои таваллуд ноҳияи Мурғоб
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос омузгори фанни забони точик ва адабиёт
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, қирғизи, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не надорад
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2004-2006 |
Омӯзгори мактаби миёнаи №14-и ноҳияи Мурғоб |
Соли 2006 (06-10) |
Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб |
Солҳои 2006-2007 |
Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб |
Солҳои 2007-2008 |
Мутахассиси бахши назорати дасгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб |
Соли 2008(02-03) |
Сармутахассиси бахши маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб |
Солҳои 2008-2010 |
Мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб |
Солҳои 2010-2011 |
Магистранти ДТИХД Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2011-2013 |
Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб |
Солҳои 2013-2020 |
Муовини раиси ноҳияи Мурғоб |
Аз марти соли 2020 |
Раиси ноҳияи Мурғоб |