Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

19.02.2020 17:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ба Шумо барои изҳори дастгирӣ дар раванди муборизаи Чин бо зуҳури эпидемияи илтиҳоби шуш, ки шакли нави коронавирус боиси он гардидааст, изҳори минатдории самимӣ менамоям.

Имрӯзҳо, мардуми Чин таҳти роҳбарии Ҳукумати Чин бар зидди эпидемияи илтиҳоби шуш мубориза бурда истодааст. Мо боварии комил, қувваю тавоноии кофӣ ва эътимоди амиқ дорем, ки дар ин мубориза бо мақсади пешгирии эпидемия ғолиб меоем.

Моҳи июни соли сипаришуда, мо дар шаҳри Душанбе суҳбату мулоқотҳои дӯстона доштем ва доир ба муносибатҳои Чину Тоҷикистон ва рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори андеша намуда, муносибатҳои ду кишварро ба марҳалаи нави рушду шукуфоии якҷоя ворид намудем. Ман ба густариши муносиботҳо миёни Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса дода, омодаам бо Шумо минбаъд низ баҳри тақвият бахшидан ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва рифоҳи кишварҳоямон дар робитаи наздик бошам.

Ба Шумо саломатӣ ва дар корҳоятон комёбиҳо орзумандам.

Ба мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон хушбахтиву амонӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520