ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1454
аз 14 январи соли 2019 дар вазифаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 10 январи соли 1961 Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1987 Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент,
соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст
Ихтисос муҳандис-заминсоз, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, номзади илмҳои иқтисод
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ (бо луғат)
Вакили халқ ҳаст ё не узви Маҷлиси миллии МО ҶТ, вакили МВХ вилояти Хатлон
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2006 ордени «Шараф» дараҷаи I
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1978-1980 |
Коргари совхози Ленини ноҳияи Данғара |
Солҳои 1980-1982 |
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Қазон, шаҳри Перм, Россия |
Солҳои 1982-1987 |
Донишҷӯи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент |
Солҳои 1987-1989 |
Сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод |
Солҳои 1989-1993 |
Раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара |
Солҳои 1993-1995 |
Раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон |
Солҳои 1995-2000 |
Муовини Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2000-2001 |
Раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2001-2006 |
Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2006-2008 |
Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2008-2010 |
Муовини раиси вилояти Суғд |
Солҳои 2010-2013 |
Раиси шаҳри Турсунзода |
Солҳои 2013-2019 |
Раиси вилояти Хатлон |
аз январи соли 2019 то имрӯз |
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |