Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.01.2010 15:00, шаҳри Душанбе

29 январи соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурўъ намуд. Дар ҷараёни он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2009 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас мешаванд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳукумат, роҳбарони сохторҳои давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати мамлакат, корхонаю муассисаҳо ва ширкатҳои давлатӣ, бонкҳои саҳҳомӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доранд.

Дар оғози маҷлис оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар соли 2009 гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух ҳамралиев шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки баҳри зиёд намудани ҳиссаи истеҳсолот дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва ҳамчунин содда гардонидани расмиёти воридоту содироти маҳсулот тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Сипас оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ, рафти фурўши саҳмияҳои нерўгоҳи Роғун ҳисоботи Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов, раиси Хадамоти гумрук Гурез Зарифов, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, Раиси Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва роҳбарони бонкҳои саҳҳомӣ шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба дарёфти сарчашмаҳои иловагии воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ, бартараф намудани бақияпулиҳои андоз, автоматикунонии фаъолияти нуқтаҳои назорати гумрукӣ, баланд бардоштани боварию эътимоди мардум ба бонкҳо, кам кардани фоизи қарзҳо, зиёд намудани мўҳлати қарзҳо ва зиёд кардани ҳаҷми қарзҳо ба соҳибкорони истеҳсолӣ супоришҳои мушаххас дод.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрўз ба маблағи 701 миллион сомонӣ саҳмияҳои нерўгоҳи Роғун ба фурўш рафтаанд. Дастур дода шуд, ки ҳар 10-рўза ҳаҷми маблағҳои аз фурўши саҳмияҳои нерўгоҳи Роғун воридшаванда тавассути воситаҳои ахбори умум эълон карда шавад.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри назорати харҷи маблағҳои аз фурўши саҳмияҳои нерўгоҳи Роғун воридшаванда бо ҷалби созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори умум як комиссияи ҷамъиятӣ созмон дода шавад.

Дар ҳисоботи Директори Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов зикр гардид, ки дар соли 2009 1155 тафтишу санҷиш гузаронида шуда, дар рафти онҳо тасарруфи ғайриқонунии 70,5 млн.сомонӣ ошкор гардидааст. Аз ин маблағҳо 38 млн.сомонӣ барқарор карда шудааст.

Барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ба роҳбари идораи ду лоиҳаи инвеститсионӣ доир ба барқарорсозии системаи ирригатсионӣ ва оид ба соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи ҳамадонӣ Рустам Баротов аз вазифа озод карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз фаъолияти Суди олӣ ва Прокуратураи генералӣ дар самти таъмини волоияти қонун, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, муайян намудани салоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ изҳори нигаронӣ намуд.

Сипас ҳисоботи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров, Раиси ҷСК «Тоҷикгаз» Саидмамад Шарофиддинов шунида шуд.

Барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар кори худ се нафар муовинони раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» - Нурмаҳмад Холназаров, Шариф Исоев ва Сафаралӣ Саъдуллоев аз вазифа озод карда шуданд.

Оид ба самараи истифода аз лампаҳои каммасраф бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз ин ҳисоб 875 млн кВт/соат нерўи барқи сарфа карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз беҳ шудани имконоти барқтаъминкунӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дастур дод, ки аз имрўз сар карда, нерўи барқ ба аҳолии вилояти Хатлон 10 соатӣ ва ба аҳолии вилояти суғд аз 30 январ 11 соатӣ таъмин карда шавад. Иттилоъ дода шуд, ки таъминоти нерўи барқ ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 28 январ ба 10 соатӣ расонда шуд.

Ба раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров дастур дода шуд, ки истеҳсоли нерўи барқ дар соли равон аз ҳисоби таҷдиди нерўгоҳҳои Вахшу Варзоб 160 мегаватт зиёд карда шавад.

Ба Вазири энергетика ва саноати мамлакат дастур дода шуд, ки корҳои ҷустуҷўи –геологӣ ва пармакунию истеҳсолиро дар конҳои нафту газ вусъат дода, истеҳсоли мазутро дар дохили мамлакат ба роҳ монанд.

Ба фаъолияти ҶСК «Тоҷиксемент» баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки истеҳсоли семент дар соли гузашта дар ин корхона ба 185 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2008 25 ҳазор тонна зиёд аст. Дар зарфи як сол 31 адад техникаи вайрону валангор барқарор карда шуда, қарзҳои пешина ва ҷории корхона, ки дар назди мақомоти андоз дошт, пурра пардохта шуд. Чунонки иттилоъ дода шуд, роҳбарияти корхона тасмим дорад истеҳсоли сементро бо истифода аз ангишт низ ба роҳ монад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамияти баланд ва муҳимияти масъалаи бунёди нерўгоҳи Роғун таъкид дошт, ки ҳисоботи роҳбарияти ҶСК НБО Роғун бо иштироки роҳбарони тамоми корхонаю ташкилоти сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ, алоҳида, дар даҳаи якуми моҳи феврал шунида хоҳад шуд.

Оид ба натиҷаҳои кори худ дар соли 2009 ҳамчунин раиси КВД «Ширкати алюминии тоҷик» Садриддин Шарипов ва Директори ширкати «Помир энерҷӣ» Далер ҷумаев ҳисобот доданд.

Нимаи дуюми рўз ҳисоботи Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳа аз ҷумла, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД ҳавопаймоии «Тоҷикэйр», КВД «Фурўдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе», КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ҳамчунин роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа оид ба тарбияи мутахассисони баландпоя ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, назорати вазн ва андозаи мошинҳои калони боркаш дар роҳҳои мамлакат, харидории ҳавопаймоҳои нав, зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ, афзун кардани фоизи мусофиркашонӣ аз ҷониби ширкатҳои ватании ҳавопаймоӣ, тезондани сохтмони терминали нави фурўдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа, бо сифати баланд анҷом додани азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бўстон-Чанок бо нақби Шаҳристон, Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош, Душанбе-Данғара, Кўлоб-Қалъаи Хумб, Қўрғонтеппа-Панҷи поён ва доир ба дигар корҳои муҳим супоришҳои мушаххас дод.

Дар назди Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳа зимни ҳисоботдиҳӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзун намудани майдонҳои боғоти нав, рушди ниҳолпарварӣ, вусъати сабзавоткорӣ, пеш аз ҳама сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳо, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Зимни ҳисоботи Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Саиди Ёқубзод Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаҷми ҷамъоварии маблағҳои истифодаи об, ки ҳамагӣ 42 фоизро ташкил додааст, изҳори нигаронӣ намуд. Ба масъулини ин соҳа ҳамчунин оид ба татбиқи босифати лоиҳаҳои инвеститсионӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ вазифадор шуданд, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода кардани кадрҳои дорои диди наву созанда ва ватандўсту ватанпарвар тадбирҳои судманд андешанд.

Ба Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров ва раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов дастур дода шуд, ки пардохти нафақаҳо то охири соли равон бо кортҳои пластикӣ ба роҳ монда шавад. ҳамчунин супориш дода шуд, ки аз истифодаи ғайримақсаднок ва тассаруфи маблағҳои буҷетӣ саривақт пешгирӣ карда шавад.

Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов вазифадор карда шуд, ки оид ба таъмини беҳдошти соҳа, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ворид намудани техникаю таҷҳизоти муосири муоинаю муолиҷа тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар маҷлиси ҳукумати мамлакат ҳамчунин ҳисоботи Вазири адлия Бахтиёр Худоёров ва Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати адлия дастур дод, ки ба ҳодисаҳои азобу шиканҷаи маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ роҳ дода нашавад.

Ба Вазорати фарҳанг дастур дода шуд, ки оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва беҳдошти муассисаҳои соҳа тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Раиси Кумитаи давлатии омор Мерганд Шабозов вазифадор карда шуд, ки оид ба ташкил ва гузаронидани чорабинии бақайдгирии аҳолӣ тадбирҳо андешад.

Дар ҳисоботи Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров зикр гардид, ки боздоштшавии шаҳрвандони Тоҷикистон бо маводи мухаддир дар кишварҳои ИДМ дар соли 2009 30,3% ва аз соли 2000-ум ба ин сў 81% коҳиш ёфтааст. Дар соли 2009 4571 кг дар мамлакат маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст, ки 21,8 фоизи он натиҷаи кори кормандони агентии мазкур мебошад. Дар соли 2009 5 гурўҳи муташаккили нашъаҷаллоб дастгиру безарар карда шудааст.

Агентии номбурда вазифадор карда шуд, ки оид ба натиҷаҳои кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба воситаҳои ахбори умум пайваста мавод пешниҳод намоянд, то ки хабарҳои беасосу тўҳматомези расонаҳои хабарии хориҷӣ сари вақт рад карда шаванд.

Ба роҳбарони Кумитаи кор бо занон ва оила Хайринисо Юсуфӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмонов, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳайбулло Латипов ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандқул Зикиров, Раиси иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ оид ба беҳ намудани фаъолияташон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумати мамлакат ҳамчунин роҳбарони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Давлаталӣ ҳотамов, Агентии сохтмон ва меъморӣ Абдувалӣ Комилов, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ Маҳмадтоир Зокиров, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Раҳмат Бобокалонов ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев ҳисобот доданд.

Бегоҳии рўз ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои он шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз кишт нашудани 10 ҳазору 700 гектар заминҳои корам ва бисёр корҳои дигари роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он изҳори норозигӣ намуда, ба Раиси вилоят Ғайбулло Авзал барои ислоҳи ҳолатҳои мавҷуда 6 моҳ мўҳлат дод.

30 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2009 ва вазифаҳо дар соли равон идома ёфт.

Дар идомаи маҷлиси ҷамъбастии ҳукумати мамлакат нахуст ҳисоботи Раиси вилояти Суғд қоҳир Расулзода ва раисони шаҳру ноҳияҳои ин вилоят шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки 77 корхонаи саноатии вилоят афзоиши истеҳсолотро таъмин карда натавониста, 17 корхона фаъолият надоштаанд ва 16 намуди маҳсулоти саноатӣ умуман истеҳсол нашудааст, изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки тамоми корхонаҳои саноатӣ пурра бо нерўи барқ таъминанд ва ҳеҷ гуна монеа барои фаъолияти онҳо бояд набошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз кишт нашудани 7 ҳазору 200 гектар заминҳои корам, таъмин нагаштани ҷамъоварии пурраи маблағи истифодабарии барқу газ ва бисёр корҳои дигар изҳори нигаронӣ намуда, ба раиси вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он як қатор супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вақтҳои муайяни қабули шаҳрвандон дошта бошанд, пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан дар тамоми қаламрави вилоят таъмин карда шавад, баҳри тарғибу ташвиқи саҳмгузорӣ дар бунёди нерўгоҳи Роғун, Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ва таъмини истиқболи сазовор аз 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасу муассир андешида шаванд. Супоришҳои мушаххас ҳамчунин оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, рушди боғутокпарварӣ, картошкапарварӣ, истифода аз тухмиҳои хушсифат ва доир ба дигар корҳои муҳим дода шуд.

Аксари ҳамин супоришҳо ҳамчунин дар назди Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ва дигар шаҳру ноҳияҳо гузошта шуд.

Ба Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон қодири қосим, раисони шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмони иншооти сершумори шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бо маблағгузории мутамаркази ҷумҳуриявӣ ва аз ҳисоби вазорату идораҳо бунёд меёбанд ва ҳамчунин оид ба бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Оид ба ободонии шаҳри Хорўғ ва маркази ноҳияи Шуғнон, ки дар деҳаи Поршнев бунёд меёбад, дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Доир ба расонидани кўмакҳо ба аҳолии аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷ дастур дода шуд. ки баҳри додани қитъаҳои замин барои сохтмони манзил дар ҷойҳои бехавф, бунёди мактаб, маркази саломатӣ, кашидани хатҳои нерўи барқ, обтаъминкунӣ ва муҳайё намудани дигар инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев вазифадор карда шуд, ки баҳри ободонии минбаъдаи пойтахт, беҳтар сохтани симои меъморию фарҳангии кўчаю хиёбонҳо, вусъат додани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ва бунёди корхонаҳои нави ресандагӣ, бофандагӣ ва дўзандагӣ, бартараф намудани мушкилоти мусофиркашонии дарунишаҳрӣ ва дигар камбудиҳои ҷиддӣ тадбирҳои судбахш андешад.

Ба раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир ба бунёди боғҳои нав ва барқарорсозии боғу токзори кўҳна супоришҳои мушаххас дода шуд, аз ҷумла ба раиси шаҳри Ваҳдат дастур дода шуд, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ тамоми боғутокзори минтақаи Чормағзакро пурра барқарор намоянд.

Ба Раиси ноҳияи ҷиргатол баҳри васеъ намудани майдони кишти картошка аз ҳисоби заминҳои нави азхудшаванда супоришҳои қатъӣ дода шуд. Ин вазифа ҳамчунин дар назди раисони дигар ноҳияҳои картошкапарвар гузошта шуд.

Зимни ҳисоботи роҳбарони тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба саҳмгузорӣ дар бунёди нерўгоҳи Роғун дастгирии васеъ пайдо намудааст ва хариди саҳмияҳои он минбаъд пайваста идома хоҳад ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳо аз рафти фурўши саҳмияҳои нерўгоҳи Роғун ҳар моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд.

Дар назди роҳбарони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ ҳамчунин оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Президенти мамлакат вазифаҳо гузошта шуд.

Баъди анҷоми ҳисоботдиҳии роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи асосии маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар соли 2009 мавриду таҳлилу баррасӣ қарор дод ва вазифаҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари иҷроияи ҳокимияти давлатиро барои соли 2010 муайяну машаххас намуд.

Дар суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, аз нақши муттаҳидсози нерўгоҳи Роғун ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки ин муттаҳидӣ дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки пас аз як моҳ доир мегардад, боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамагон даъват намуд, ки барои дар доираи қонун, инчунин озоду шаффоф ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва интихоби номзадҳои арзандаи халқ масъулияти баланд эҳсос намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520