Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханрони дар маросими таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз

25.03.2012 11:30, шаҳри Душанбе

Ҷаноби Олӣ Осиф Алӣ Зардорӣ - Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон!

Роҳбарони ҳайатҳои мӯҳтарам!
Ҳамватанони азиз!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш қабл аз ҳама мехоҳам мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи табиату баҳор, оғози сарсабзиву хуррамӣ, яъне Наврӯзи оламафрӯз, ки имрӯзҳо бо қадамҳои неку мубораки худ дар диёри зебову дилрабои Тоҷикистон фаро расидааст, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва умуман мардуми сайёра оромиву осоиш, хушбахтиву комронӣ ва дастурхони пурфайзи наврӯзиро орзу намоям.

Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву мӯҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем.

Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.

Маҳз машварату дастгирии ҳамдигарӣ буд, ки мо ба ин натиҷаи барҷаста шарафёб гардидем ва акнун моро зарур аст, ки дар оянда низ барои эҳё ва таҳкиму тақвияти ин ҷашни зебои ниёгонамон ва ба оламиён ба таври арзанда муаррифӣ кардани суннату русуми неки он саъю кӯшиш намоем.

Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.

Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

Инак пас аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз имкониятҳои бештаре фароҳам омадаанд, ки кишварҳои мо ба воситаи таҷлили ҳамасола ва пуршукӯҳи Наврӯз суннатҳои волои онро, ки бархе аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, бо дастгирии доираҳои илмиву фарҳангии ҳамдигар эҳё гардонанд ва ба оламиён собит намоянд, ки Наврӯз воқеан ҳам аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист.

Дар баробари ин моро лозим аст, ки суннатҳои наврӯзиро барои беҳбуди ҳаёти имрӯза ва таҳкими ҳарчи бештари равобити халқҳоямон истифода кунем.

Аз ҷумла, ҳар сол вақте, ки дар яке аз кишварҳои мо ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад, баргузор намудани намоиши дастовардҳои муҳими илмиву фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли он айни муддао мебошад.

Ба ин восита мо метавонем бо ҳамдигар боз ҳам бештар ошноӣ пайдо кунем, ки яке аз ҳадафҳои наҷиби Наврӯз ба ҳам наздик шудан ва тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона, инчунин ҳамкориву ҳамгироӣ миёни мардумони гуногун аст.

Зеро дар шароити муосир ҳамаи мо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва башарият нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, дӯстиву рафоқат, ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад.

Дар чунин шароит Наврӯз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дӯстиву ҳамкории халқҳо хизмат намуда, ҳамзамон бо ин, ҳамаи моро сӯи рӯзгори орому бехушунат ва талош ба хотири зиндагии осуда роҳнамоӣ мекунад.

Итминон дорам, ки ташрифи меҳмонони олиқадр ва ҳайатҳои баландпоя аз кишварҳои дӯсту бародар ба Тоҷикистон ва ширкати онҳо дар маъракаи идонаи мо боиси таҳкими бештари равобити неки ҳамсоягӣ, ҳамгироӣ ва ҳамкории миёни мамолики минтақа ва ҷаҳон хоҳад гардид.

Бо ҳамин орзуҳои неку таманниёти самимона бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, меҳмонони олиқадр, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байнамилалиро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, бароятон тансиҳативу рӯзгори обод ва барори кору пирӯзӣ орзу менамоям.

Наврӯзатон фархундаву муборак бошад, меҳмонони олиқадр ва ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520