Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

11.02.2010 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст:

Солгарди ҷашни инқилоби исломии Эрон имконеро фароҳам сохтааст, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми бародари Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ин муносибати таърихӣ табрику таҳният гўям.

Пайвандҳои қавии таърихӣ ва фарҳангии мо аз муҳимтарин омилҳои рушду густариши сареъи муносибатҳои ду кишвари дўст дар замони истиқлоли Тоҷикистон гардиданд. Ва ман бо камоли мамнуният зикр карданиам, ки нумуъ ва равнақи ин муносибот дар тамоми заминаву соҳаҳо ҳадафи муштараки мост.

Нишонаи возеҳи ҳамкориҳои муваффақонаи Тоҷикистону Эрон, ки имрўз сатҳи баланд касб кардаанд, сафари ба наздикӣ анҷомдодаи Шумо ба Тоҷикистон аст, ки он тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтару хубтари муносиботи ду кишвари бародарро аён сохт. Умедворам, ки тавофуқоти ҳангоми сафар ба даст омада комилан амалӣ гардида, намунаи дигаре аз баракати ҳамкориҳои мо хоҳад гардид.

Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ва бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирўзиҳои навин, ба мардуми дўсти Эрон – хушрўзӣ, сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520