Дар нимаи дуюми имрўз гуфтугўи телефонии байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай баргузор гардид.
Сарварони ду кишвари дўст вазъ ва дурнамои равобити ҳасанаи ду кишварро баррасӣ намуданд. Ба масоили мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла амалӣ кардани пружаҳои муштарак дар арсаҳои мухталиф таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Зимни сўҳбат як идда масоили минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн низ баррасӣ шуд.
Дар иртибот бо қарори Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Рўзи байналмилалии Наврўз эълон кардани 21 март роҳбарони Тоҷикистону Афғонистон ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамдигар ва мардумони ду кишварро ба ин муносибати фархунда шодбош гуфтанд.