Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.02.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он наздики 40 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Аз ҷумла Хайрулло Маҳмадуллоев Муовини вазири энергетика ва саноат, Наргис Бойаҳмадова Муовини аввали директори Агентии миллии иттилоотии Ховар, Маҳмадӣ Тўраев Намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Комилҷон ҷўраев Намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон таъин гардиданд.

Сипас ҳисоботи раиси ноҳияи Панҷ оид ба рафти иҷрои қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва ҳисоботи сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва кўҳкорӣ шунида шуд.

Ба раиси ноҳияи Панҷ ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор оид ба баргардондани 1200 гектар заминҳои корам ба гардиши кишоварзӣ ва бунёд намудани деҳаҳои обод дар ин мавзеъҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 ва як қатор санадҳои дигари меъёрӣ - ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуданд.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи маориф» ва ғайра пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 ва Низомномаи Шўрои ҳамоҳангсозии илмию техникии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили тарғибу ташвиқи соли нави аҷдодӣ – Наврўзи хуҷастапай таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, баҳри таҷлили бошукўҳи ин ҷашни фархунда, эҳёи расму оини судбахши наврўзӣ, фаҳмондани таърихи он ба мардум ва ба ин васила мусоидат кардан ба болобарии ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонии ниёгон дастуру ҳидоятҳо дод.

Таъкид гардид, ки расондани кўмак ба эҳтиёҷмандон, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат бояд чун анъанаи неки наврўзӣ эҳё гашта, ривоҷ ёбад. Бо кўмаки саховатмандон дастаҷамъона гузарондани хатнасур ва тўйи арусии ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат низ бояд чун як анъанаи накўи наврўзӣ тарғиб шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520