Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намуда, раъйи худро муайян кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалї Раҳмон дар қатори мардуми сершумори мамлакат барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии рақами 16 – и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, раъйи худро муайян намуд.
Баъди овоздиҳї Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чанд суоли намояндагони сершумори воситаҳои ахбори умум посух дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки «интихобот ҳарчи озоду шаффоф ва демократї ҷараён бигирад ҳамон қадар ба болоравии обурўю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонї мусоидат мекунад. Аз ин хотир мо тамоми шароитро муҳайё намудем, то ки мардум озодона овоз диҳанд».