Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

13.01.2020 14:54, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ дар шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Сӯҳроб аз вазифаи Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон озод гардида, Ализода Назирмад ба ин вазифа таъин гардид. Раисони ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, Қабодиёни вилояти Хатлон, Шуғнони ВМКБ ва Мастчоҳи вилояти Суғд бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод гардида, ба ин вазифаҳо ҷавонони кордону мутахассисони варзида таъин гардиданд.

Мирзозода Низом бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини Раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Прокуратураи генералӣ дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе тағироти кадрӣ сурат гирифт.

Зимни суҳбат бо мутахассисони соҳа Сарвари давлат фаъолияти масъулини ҳар як сохтору мақомоти давлатиро бо мисолҳои мушаххасу таҳлилҳои амиқ баҳогузорӣ намуда, дар назди кадрҳои таъиншуда ҷиҳати рафъи мушкилоту ҳалли масъалаҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

«Бо назардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки печидаву пешгӯинашаванда мемонад, мо бояд аз ҳарвақта дида, бо масъулияти баланд ба иҷрои вазифаҳои худ муносибат намоем ва дар пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми назаррас гузорем. Он нақшаҳое, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ӯҳда гирифтаем, сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоем,»- таъкид намуданд Пешвои миллат.

Таваҷҷӯҳи хоса ба ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, таъмини волоияти қонун, хизмати поквиҷдононаю содиқона ба халқу кишвари худ аз нуқтаҳои асосии ҳидоятҳои Сарвари давлат буданд, ки зимни мулоқот иброз гардиданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520