Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

11.01.2020 11:34, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин зимн президентҳо ба мавзӯи вазъи кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҳамзамон аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди музокирот оид ба масъалаҳои сарҳадот махсус таъкид гардид.

Ҳамчунин мувофиқа ҳосил шуд, ки бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои ба вуқӯъ пайвастани ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мулоқоту фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо фаъол гардонида шавад.

Дар натиҷаи суҳбат ҷонибҳо ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520