Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.12.2019 11:50, шаҳри Душанбе

30 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вазорату идораҳо ва воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 36 масъала ва 18 банди чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардидааст.

Баъди баррасӣ нақшаи кори Ҳукумат қабул гардид ва қарор қарда шуд, ки роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар бораи ҳисоботи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни амалишавии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ҳисоботи вазири маориф ва илм Нуриддин Саид шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Стратегия тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо мақсади рушди пурсамари соҳаи маориф дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти шароиту дурнамои рушди мамлакат таҳия гардидааст.

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ва Оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025, Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳо сохторҳои марбута дастур доданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтиву босифати барномаву стратегияҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Супоришҳо ҳамчунин вобаста ба татбиқи пурсамари нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2019, вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ, кабудизоркунӣ, сабзу хуррамгардонии муҳити зист ва расонидани кӯмакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон ҷалб карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520