Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

21.12.2019 05:46, Россия

20 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар ҷарёни мулоқот маҷмуъи масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд.

Зимни вохурӣ рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус масъалаи эълони авфи навбатии муҳоҷирон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия, муҳокима карда шуданд.

Ҳамчунин масъалаи муҷаҳҳаз гардонидани артиши Тоҷикистон бо лавозимот ва техникаи муосири низомӣ тибқи барномаҳои қабулшуда баррасӣ шуданд.

Зимни мубодилаи афкор атрофи вазъияти байналмиллаливу минтақавӣ ҷонибҳо ҳамчунин дар ишора ба ҳолати имрӯзаи нигаронкунандаи Афғонистон зарурати таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистонро таъкид карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520