Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба ифтихори 15- солагии ба имзорасидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон

26.06.2012 11:40, шаҳри Душанбе

 

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!

Фардо ба имзои санади басо муҳим ва барои халқу давлати мо тақдирсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон понздаҳ сол пур мешавад.

Понздаҳ соли эҳёи миллӣ, понздаҳ соли баҳамоӣ, понздаҳ соли худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, понздаҳ соли сулҳу субот ва оромӣ ва муҳимтар аз ҳама, понздаҳ қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, ки дар таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.

Ба шарофати ин санади ҳаётан муҳим мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро оғоз намоем.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.

Дар ин лаҳзаҳои идона бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ ин санаи муқаддасу тақдирсозро ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод мегӯям.

Ва бо итминони комил изҳор менамоям, ки сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзиши муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун рамзи сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.

Ҳамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан мухолифати мусаллаҳона кашида шуд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омад.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишвари мо хисороти азимеро ба бор оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид.

Аз ин лиҳоз, дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда будам, ки “даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Бо чунин андешаҳо рӯзи аввали фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари давлат иброз дошта будам, ки ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам.

Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ кори саҳлу осон набуд.

Вале мо ба шарофати дастгирии халқи тоҷик тавонистем, ки ба орзуи деринаи мардумамон, яъне сулҳу субот дар Ватанамон ноил гардем ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате саъю талош намоем, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.

Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем.

Маҳз барои ҳамин ҳар як фарди бонангу номуси миллат, аз ҷумла мову шумо – аҳли ин толори идона бояд ҳамеша ин неъмати гаронбаҳо ва муқаддас, яъне ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва барои тарбияи ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар кӯшиш намоем, то ки онҳо низ дар оянда ин гавҳари пурқиматро ҳифзу эҳтиёт карда тавонанд.

Дар замони ниҳоят пуртазоди соҳибистиқлолиамон нақши созандаи сулҳу ваҳдат, пеш аз ҳама, дар амри таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро амалан таъмин мекунад, возеҳан зоҳир гардид.

Дар асоси Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то имрӯз як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, аз ҷумла санади ҳамдигарбахшӣ, Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ», инчунин бо мақсади таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва такроран бо мақсади суръат бахшидан ба раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар ва бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» қабул гардид.

Муҳимтар аз ҳама, дар асоси талаботи ин санади таърихӣ соли 1999 ба Конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, тибқи онҳо қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тартиби омодагӣ ва гузаронидани интихоботи мақоми қонунгузори кишварро танзим менамояд ва «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тартиби фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакатро ба танзим медарорад, таҳия ва қабул карда шуданд. Ҳамин тавр, бори нахуст дар таърихи сиёсии Тоҷикистон парламенти дупалатагии доимоамалкунандаи касбӣ таъсис дода шуд. Ҳамаи санадҳои зикршуда асосҳои иқтисодиву иҷтимоии суботу оромӣ ва ваҳдати миллиро тақвият ва таҳким бахшиданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун асоси таҳкими ваҳдати миллӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандонро, сарфи назар аз ҷинс, нажод, эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ кафолат дода, меъёрҳои он барои эҳтироми байниҳамдигарии тамоми аъзои ҷомеаи мо заминаи боэътимод гузоштааст.

Дар Конститутсия инъикос ёфтани ҳадафҳои пешрафти давлат барои наҷоти мардум аз парокандагӣ такони ҷиддие гардид.

Зеро мақсаду мароми ҳар як давлати муосир ва миллати соҳибтамаддун дар заминаи пойдории сулҳу субот сохтани ҷомеае мебошад, ки дар он эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал буда, амалишавии онҳо кафолат дода мешавад.

Воқеан, қабули Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имкон дод, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташаккул ёфта, асосҳои рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд оварда шаванд.

Ин санади олии ҳуқуқӣ ҷиҳати аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ниҳоят ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳро барои сулҳу субот боз намуд.

Ҳамагон тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ ҳастед, ки солҳои охир дар давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон дар натиҷаи муноқишаҳои дохилӣ ҳазорон одамон, аз ҷумла аҳолии осоишта қурбон шуда, рушди иқтисодии кишварҳо сахт халалдор мегардад.

Вобаста ба ин, мехоҳам як масъаларо махсус таъкид намоям: Тоҷикистон, ки ҷанги пурфоҷиаи шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва то чӣ андоза сангину харобиовар будани онро ба хубӣ дарк менамояд, ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ дар тамоми сайёра ва бо роҳи осоишта ҳал намудани ҳар гуна низоъ ва мухолифат мебошад.

Мо низ бо мақсади хомӯш кардани оташи ҷанги хонумонсӯзи таҳмилӣ ва ноил шудан ба сулҳу субот дар мамлакатамон ҳанӯз аз Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ сар карда, мулоқоту музокироти зиёде анҷом додем.

Яъне аввалин иқдомот дар роҳи қатъи хунрезӣ ва ба ҳам овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф дар рӯзҳои иҷлосияи зикршуда сурат гирифта буданд.

Баъдҳо бо вуҷуди вазъияти ҳассос ва ноороми онвақтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба шаҳри Кобул сафари корӣ анҷом дода, дар он ҷо 19 майи соли 1995 бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомиву сиёсӣ ва масъулияти бузург дар назди ояндаи мардуми азияткашидаи кишварамон изҳороти муштарак қабул кардем.

Дигар гуфтушуниди муҳим, ки моро ба марҳалаи муҳими музокирот ворид намуда, барои ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаи воқеӣ гузошт, вохӯрии моҳи декабри соли 1996 дар Хосдеҳи вилояти Толиқони Афғонистон буд.

Умуман то рӯзи имзои созишнома дар давоми ҳашт даври музокирот, ки қариб чор сол идома пайдо кард, мо бо намояндагони собиқ мухолифин бистуяк вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ доир намудем.

Дар робита ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки мулоқоту вохӯриҳо бо мухолифин низ осону ҳамвор набуданд, зеро баъзе доираву нерӯҳо ба ҳам омадани миллати мо ва ба сулҳу субот расидани кишварамонро намехостанд.

Баъди имзои созишнома барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини давра ба давраи сулҳу оромӣ, фароҳам овардани муҳити эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои хушунат ва даргириҳои мусаллаҳона, тарғиби ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ ва дар амал татбиқ сохтани муқаррароти санадҳои имзошуда, муҳайё намудани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо тасмими тарафҳои музокироти сулҳи тоҷикон Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд.

Аъзои Комиссияи оштии миллӣ ва гурӯҳҳои коршиносон дар раванди таъмини сулҳи тоҷикон заҳмати зиёд кашиданд ва аз иҷрои вазифаҳои дар ӯҳда доштаашон ба хотири иҷрои санадҳои баимзорасида муваффақона баромаданд, ки ба ҳамаи онҳо миннатдорӣ баён мекунам.

Дар ин лаҳзаҳои идона мехоҳам саҳми ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои кафилро дар роҳи расидан ба сулҳу оромӣ хотирнишон созам ва ба онҳо бори дигар изҳори сипос намоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштаанд.

Ин маънӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш дар китоби муқаддаси ниёгони мо Авасто ба таври зайл омадааст: “Мо сулҳу саломатиро меситоем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бишканад... Бишавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору анбоз бошем ва ба якдигар муҳаббату ёрӣ намоем”.

Қабул гардидани аввалин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки то имрӯз моҳияти худро гум накардааст, далели равшани фалсафаи таҳаммулгароии ниёгони мо ва эътирофи ваҳдати миёни халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳо аз ҷониби онҳо мебошад.

Масалан, намояндаи барҷастаи фарҳанги миллии мо Ҷалолуддини Балхӣ, ки яке аз поягузорони мактаби фалсафаи ваҳдати умумиинсонӣ мебошад, худро на тарсову яҳуд, на габру мусулмон, на шарқиву ғарбӣ, балки як инсони ҳамаро фарогир ҳисобидааст, ки ин баландтарин ифодаи башардӯстӣ, омили рафъсозандаи низоъҳои минтақавӣ, қавмӣ ва фарҳангиву динӣ мебошад.

Натиҷаи тарғиби ин андешаи фарогир буд, ки ҳатто дар шароити асримиёнагӣ дар сӯгвории Мавлоно мотами мардумӣ барпо шуд ва издиҳоми бузурге аз мардуми ҳар қавму миллат ва мазҳабҳои гуногуни сокини шаҳри Қуния аз паси тобути ин бузургвор аз Қуръону Инҷил ва Тавроту Забур баробар муноҷот мехонданд.

Яъне афкори Мавлонои Балхӣ, ки ҳамдилиро аз ҳамзабонӣ беҳтар медонад, собит месозад, ки ҷавҳари миллати тоҷик аз азал бо таҳаммулгароӣ сиришта шудааст ва тоҷикон бо қавму миллатҳои дигар ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва ҳамраъйиву дӯстӣ зиндагӣ доштаанд.

Дар шароити кунунӣ, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ақсои оламро фаро гирифтаанд ва зарурати ҳамкории пурвусъатро дар миёни тамоми минтақаҳои ҷаҳон тақозо менамоянд, майли азалии инсонҳо ба иттиҳоду пайвастагӣ дар пешорӯи озмоишу хатарҳои миқёсан бузург беш аз пеш аён мегардад.

Бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки абармардони илму адаб ва фарҳангу маънавиёти мо ҳанӯз садсолаҳо қабл аз ин ҳамгавҳар будани банӣ одамро эълон дошта, ғояҳои инсонпарвариро ситоиш мекарданд.

Панду андарзҳои онон ба мисли нури ситораҳои дуродуранд, ки дар масири асрҳо пардаи зулматро бурида, роҳи наслҳои ояндаро мунаввар месозанд ва инсонҳоро ба иттиҳоду ягонагӣ даъват менамоянд.

Таҷрибаи давлатдорӣ ва давлатсозиамон шаҳодат медиҳад, ки мо метавонем инкишофи мутаносиби ҷомеаро дар такя ба фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллӣ таъмин созем, ки ин боиси ифтихору сарфарозист, зеро ҳамин ҳувият чун сарвати бебаҳо ва дороии адонопазири миллати сарбаланди тоҷик метавонад заминаи асосии ҳамаи созандагиҳо ва рушду такомули халқу давлати мо бошад.

Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки омилҳои таҳкимбахшандаи онро ҳифз кунем ва ҳамеша ба густариши онҳо мусоидат намоем.

Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолият бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад.

Метавон гуфт, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи умумимиллӣ дар радифи мафҳумҳои озодиву истиқлолият ва сулҳу субот пазируфта шудааст ва дар тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон чун омили мувозинати ҳамаи тарафҳои сиёсати давлатии мо арзёбӣ мегардад.

Андешаи сулҳу ваҳдат ва фалсафаи таҳаммулгароӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо ҷисму равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу одоб, фарҳангу маданият ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд.

Ҳамватанони азиз!

Дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан, истиқлолияти комилу давлатдории миллиро ҳифз кардан ва дар ин замина таъмин намудани амнияти кишвару ҷомеа, пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату миллат аз мову шумо иҷрои корҳои боз ҳам бузургро тақозо мекунад.

Самараи он корҳое, ки мову шумо то имрӯз ба сомон расонидаем, ба мардуми Тоҷикистон чун оина равшан аст ва худи халқ ба он баҳои воқеӣ хоҳад дод.

Вале фикр мекунам, ки дар муқоиса бо суръати пешрафти асри нав ва комёбиҳои кишварҳои мутамаддини олам дастовардҳои мо ҳанӯз ҳам кифоя нестанд.

Ормонҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз мову шумо ҳалли проблемаҳои муҳими иҷтимоӣ – рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, суръатбахшии бунёди иншооту сохтмонҳои азим, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, таҳкими волоияти қонун ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро тақозо дорад.

Ба хотири татбиқи ин ҳадафҳои муҳим, нақшаҳои созанда ва ниятҳои нек мову шумо бояд тамоми иқтидору имкониятҳоро сафарбар созем, масъулиятшиносу фидокор бошем, бо дасти поку дилу нияти нек, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси қарзи шаҳрвандӣ вазифаҳои бар дӯш доштаамонро адо намоем.

Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияҳои пешрафта тарбия кардану ба камол расонидани наслҳои закиву донишманд, соҳибмаърифату соҳибмаълумот мебошад, то онҳо дар оянда тақдири давлату миллати худро ба даст гирифта тавонанд.

Табиист, ки барои тарбияи насли шоистаи замон, бахусус ҷавонони дорои донишу маърифати муосир таъмини шароити мусоид зарур мебошад.

Ҳамчунин, бо мақсади тақвият бахшидан ба фазои иҷтимоӣ, боз ҳам ҳадафрас намудани корҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ ва эмин нигоҳ доштани мафкураи ҷавонон аз таъсири харобиовари ғояҳои бегонаи хатарзо илова ба таҳкими пояҳои моддии соҳаи маориф фаъолгардонии марказҳои фарҳангӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллу деҳот яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстиву инсонпарварӣ ба воя расонидани насли наврас, аз ҷониби онҳо амиқан дарк гардидани муҳимияти пойдории ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар, нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатии Ватани азизамон зарур аст, ки ҳангоми тадриси фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаву олии касбӣ мавзӯи “Ваҳдати миллии тоҷикон” дохил карда, ба хонандагон аҳамияти ин масъала омӯзонида шавад.

Зеро инсоне, ки гузаштаи таърихиашро фаромӯш мекунад, метавонад аз фориғболӣ ба хатогӣ роҳ дода, боиси сар задани мушкилиҳо гардад.

Зарурати инкишофи ояндаи ҷомеа талаб менамояд, ки фаъолияти мақомоти зинаҳои гуногуни давлатӣ, инчунин ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба хотири рушду такомули давлат, соҳибмаърифат намудани шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсии ҷомеа тақвияти бештар бахшида шавад.

Махсусан, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вусъат додани эътимоди аъзои ҷомеа ба сифати яке аз омилҳои таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ хеле барҷаста мебошад ва аз ин хотир дар ин самт ҳамкориҳои судмандро бо онҳо пайваста густариш додан зарур аст.

Имрӯз дар ҷомеа маҳз тавассути тавсеаи ҳамкориҳои созандаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фазои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ фароҳам омадааст ва минбаъд низ танҳо дар ҳамин замина мо метавонем Ватани худро ба қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир расонем.

Ҳамчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма бо дарки масъулият дар назди халқу Ватан вазифадоранд, ки дар ҷодаи таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии мамлакат ибтикори ҳамешагӣ нишон диҳанд.

Ҳар қадар эътимоди ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба якдигар мустаҳкам бошад, ҳамон қадар устувории вазъи ҷомеа ва ҳамкории кулли аъзои он таъмин мегардад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки аз тамоми нерӯву имкониятҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум, беҳ намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон беш аз пеш истифода намоем.
Зеро воқеияти зиндагӣ ва таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати баланди сиёсӣ надошта бошанд, дар миёни онҳо ваҳдату якдигарфаҳмӣ пойдор намемонад.

Ҳадафҳои умдаи сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон дар хусуси андешаи ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани густариши он дар айни замон барои таҳкиму ташаккули шароити мусоид ҷиҳати инкишофи шахсият, ҷамъият ва давлат замина фароҳам меоранд.

Чунки ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат аз омилҳои ваҳдату якдигарфаҳмӣ вобастагии зич дорад. Маҳз ҳамин омилҳо дар шароити кунунӣ ҳам барои рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва ҳам барои муқовимат бо тазоду таҳдидҳои муосир нақши муҳиму муайянкунанда мебозанд.

Андешаи миллатсози ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ ба бор меорад, ки қабл аз ҳама моҳият ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати истиқлолияти давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гирад ва решадор гардад.

Ваҳдат ҳамчун омили муайянкунандаи бақои давлати миллӣ танҳо дар сурати ягонагиву ҳамбастагии тамоми мардуми кишвар дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва муносибати некбинонаи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ташаккул меёбад.

Ҳамватанони азиз!

Ҷомеа ё миллате, ки ғояи ваҳдати миллӣ надорад, ҳамеша эҳтимолияти ба бӯҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуданаш мавҷуд аст.

Зуҳури падидаи ваҳдати миллӣ аслан марбут ба ташаккули давлати миллист, зеро маҳз дар доираи давлати миллӣ зарурати ба даст овардани эҳсоси умумияти ягонаи сиёсии мардум, ки дар як воҳиди маъмурӣ зиндагӣ доранд, боло меравад.

Бинобар ин, ваҳдат хусусияти миллиашро танҳо дар доираи та-шаккули давлати миллӣ пайдо мекунад ва мавриди татбиқ қарор мегирад.

Яъне нақши давлат дар таҳкими ваҳдати миллӣ меафзояд, зеро он ба таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва пешрафти фарҳанги миллӣ манфиатдор аст.

Бори дигар таъкид менамоям, ки маҳз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки кишварамонро аз бӯҳрони шадид бароварда, рушди онро таъмин намуд ва барои зиндагии орому осудаи сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар шароите, ки имрӯз ҷомеаи мо роҳи демократии пешрафтро интихоб намудааст ва одамон ба озодандешиву ҳифзи ҳуқуқҳояшон талош варзида, эътиқодоти мухталиф ва равияҳои гуногуни сиёсиро пайравӣ мекунанд, ғояи маънавию мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ободии Ватан ва таҳкими ҳамаҷонибаи давлатдориамон мебошад.

Бинобар ин, ҳар шахси бонангу номус, ҳар фарде, ки бо Ватан ва модари азизаш - Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор мекунад, кулли сокинони кишвар, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бояд манфиатҳои миллат ва давлати соҳибихтиёрамонро аз тамоми манофеи дигар болотар гузоранд, зеро давлату ҷомеа ҳамеша ва дар ҳар давру замон ба эҳтирому арҷгузории арзишҳои умумимиллӣ ниёзманд мебошад.

Ҳама гуна ҷомеа ба ҳадафу қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи рушди устувори худро мутобиқи он муайян созад.

Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои кунунии ҷомеа ҷавобгӯ бошад, аксари афрод ва табақаҳои ҷомеаро дар атрофи худ муттаҳид сохта, мардумро ба сӯи тараққиёт ва созандагӣ роҳнамоӣ кунад.

Чунин андеша ва ҳадафи муттаҳидкунанда барои мо, бешубҳа, ғояи ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Ташаккули ғояи ваҳдату ягонагӣ яке аз вазифаҳои умдаи ҳар як миллати соҳибдавлат мебошад, зеро бе андешаи устувори ваҳдати миллӣ ва дақиқ муайян кардани ҳадафу роҳи таърихии ҳама гуна халқ идомаи ҳаракати огоҳонаи он ба сӯи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.

Албатта, бори аввал нест, ки миллати мо дар тӯли таърихи худ ба зарурати ҳалли чунин мушкилот рӯбарӯ гаштааст. Фарзандони хирадманди миллати тоҷик борҳо бо дарёфти посухи матлубу сазовор мардумро аз бунбасти ғоявӣ берун кашида, роҳҳои нави расидан ба марҳалаҳои рушду такомулро ба ҳамзамонони худ ва наслҳои оянда талқин намудаанд.

Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сӯи оянда муайян созем.

Андешаи ҷомеъ ва ҷовидонаеро ба вуҷуд орем, ки бунёди онро адолати иҷтимоӣ ташкил дода, аз арзишҳои асили фарҳангиву маънавии аҷдодамон сарчашма гирад, мардумро якмарому ягона созад, имрӯзу фардои давлатро бо ҳам пайванд диҳад ва мавриди қабули аксари афроди ҷомеа бошад.

Ба воситаи ин ғояи асосии умумимиллӣ мо метавонем ҳамаи табақаҳои ҷомеаро муттаҳид гардонем ва рушди бемайлону устувори самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро ба роҳ монем.

Бо ин мақсад нигоҳ доштани фазои мусоиди сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ақидаву мавқеъҳо, ризоияти ҷомеа, таҳаммулгароӣ ва мароми созандаву устувори ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки Ватани худро ҷавонмардонаву самимона дӯст дорем, ҳифз намоем ва ба хотири рушду ободии он пайваста талош варзем.

Дар он сурат мо метавонем эътимоду эътиқоди мардумро ба ғояи ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва давлатдории миллӣ қавитар гардонем ва нақшаҳои азими созандаро муваффақона амалӣ созем.

Имрӯз ба шарофати пойдории сулҳу субот мо давлат ва ҷомеаи нави шаҳрвандӣ бунёд карда истодаем, ки дар чунин низом муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, шуур ва қобилияти фикронии инсон аҳамияти куллан нав пайдо менамоянд.

Дар шароити имрӯзаи кишвари мо ин муносибатҳо бояд ба моҳияти арзишҳо ва ғояҳои демократии нав, тарзи зиндагӣ ва талаботи ҷомеаи адолатпарвар, ки мо бунёди онро марому мақсади хеш қарор додаем, ҷавобгӯ бошанд.

Зеро ҷанбаи муҳими ин раванд дар он аст, ки ҳар як шаҳрванд ва ҳар як инсон бояд муносибати худро ба ташаккули ҷомеаи пешрафта чун мавқеи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ муайян намояд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аз ҳар як шаҳрванди мамлакат, риояи ҳатмии қонун, эҳтироми қонуният, таъмини волоияти қонун ва хулоса дар чорчӯбаи қонун зистан ва фаъолият карданро талаб мекунад.

Инчунин фаромӯш набояд кард, ки худогоҳиву худшиносӣ танҳо ифтихор аз дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии миллати хеш нест, балки пойгоҳи устувори маънавиест, ки фарзандони бонангу номус ва огоҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳо ва созандагиву бунёдкориҳо ҳидоят месозад.

Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯи асолат ва ҳувияти миллӣ роҳнамоӣ карда, роҳи душвори давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро бароямон осонтар мегардонад.

Вобаста ба ин, мехоҳам пешниҳод намоям, ки бо мақсади арҷ гузоштан ба падидаи нодири сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ яке аз майдонҳои шаҳри Душанбе, ки ҳамчун шаҳри сулҳ пешоҳанги ваҳдати миллӣ мебошад, хиёбон ё майдоне ба номи Ваҳдати миллӣ номгузорӣ гардида, дар он муҷассама ё рамзи ваҳдати ҷовидонаи миллати тоҷик гузошта шавад.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик, ки рӯзҳои вазнину даҳшатноки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардаанд, бо дарки масъулияти ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандӣ, бо меҳнати созанда ва ташаббусҳои меҳанпарастонаашон сиёсати пешгирифтаи Ҳукуматро минбаъд низ дастгирӣ намуда, дар татбиқи ҳадафҳои неки миллиамон саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд.

Ман ба қудрати созандаи халқи тоҷик, пойдории истиқлолият, пояндагии ваҳдати миллат ва ояндаи ободи Ватани азизамон эътимоди қавӣ дорам.
Итминони комил дорам, ки аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мову шумо пояҳои давлату давлатдории мустақилонаи худро боз ҳам мустаҳкам карда, ҷойгоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи арзанда мерасонем ва дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ мақоми шоистаи худро пайдо мекунем.

Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими истиқлолияту ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузошта, дар атрофи давлати миллие, ки баъди садсолаҳо насибамон гаштааст, муттаҳид шавем, пас метавон гуфт, ки чун миллати воҳид бо асолату фарҳанг ва симои хоси худ миёни давлатҳои мутамаддини ҷаҳон мавқеи сазовор пайдо хоҳем кард.

Ба тамоми мардуми кишвари азизамон ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ дар ин роҳи душвор, вале пурифтихор рӯҳи матин, нерӯи тоза ва комёбиҳои рӯзафзун орзумандам.

Бигзор мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, фазои осудаи мамлакат ва пойдории истиқлолияти Ватан, бо меҳнати бунёдкоронаи хеш кохи бегазанди ваҳдати миллиро обод нигоҳ дошта, ба сӯи фардои орому осуда қадамҳои устувор гузорад!

Бигзор осмони соф, сулҳу суботи поянда, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши рӯзгори осудаҳолонаи мардуми кишвари мо бошад!

Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро бо ҷашни 15 - солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар сулҳу оромӣ, ваҳдати ҷовидона, ободиву осоиш, хушбахтиву некрӯзӣ ва саодату сарбаландӣ мехоҳам.
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520