Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз 11 сафири нав

20.11.2019 11:47, шаҳри Душанбе

20 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Андреас Протманн, Япония Такаюкӣ Мияшита, Украина Василий Серватюк, Шоҳигарии Нидерландия Андре Карстенс, Ҷумҳурии Португалия Паулу Жоао Лопеш ду Регу Визеу Пинейр, Ҷумҳурии Литва Гинтаутас Васиулис, Ҷумҳурии Кипр Андреас Зинонос, Шоҳигарии Таиланд Русс Ҷаличандра, Шоҳигарии Баҳрайн Муҳаммад Иброҳим Муҳаммад Абдулқодир, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Гузал Азам Саркор ва Ҷумҳурии Нигер хонум Салоу Адама Газибо бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш эътимодномаҳои худро супориданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таъмини ҳамаҷонибаи шароити ҳарчи бештар мусоид барои ҳаллу фасли вазифаҳои бузургмиқёси иҷтимоиву иқтисодӣ ба манзури бомаром баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони кишвар дар сархати афзалиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад.

Дар ин зимн мо ҳамеша алоқаманди рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо доираи васеи кишварҳои дӯсту шарикони боэътимоди худ ҳастем. 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ҳавзаи минтақаи назди Балтика, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, кишварҳои олами араб ва ислом ва қитъаи Африка, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520